Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзуъ:Гурухбандии зироатхо. (4 соат) Ба гуруҳҳои истеҳсолӣ ва ботаникию биологй ҷудо намудани зироатҳои саҳрой. Роҳҳои идоракунии тараққиёти растаниҳо ва сифати маҳсулот.
Тамоми сол истифодабарии заминҳои обёршаванда. Ба дастовардани 2-
3 ҳосил дар як сол.
Пайдоиши зироатҳои парваришёбанда таърихи қадима доранд.
Бештари растаниҳои парваришёбандаи ҳозира аз шаклҳои ёбоии онҳо бо роҳи интихоби бисёркарата ба даст оварда шудаанд. Одами ибтидои бо гузариши худ ба зироатпарварӣ барои эҳтиёҷоти худ, ба интихоби растанӣ ва меваи онҳо машғул гардид. Дар ибтидо интихоби сода буд, тадриҷан дар якҷоягӣ бо истифодаи усулҳои мутобиқи агрономӣ интихоби сунъӣ ба миён омада, ки ин имконияти ба вуҷуд овардани навъҳои бешумори наву намуди растаниҳои парваришёбандаро аз гузаштагони ёбоии онҳоро таъмин намуд.
Маркази баромади як қатор намудҳои зироатҳои парваришёбанда Осиёи Марказӣ, ки он ҷо шаклҳои ёбоиашон васеъ паҳн гаштаанд, ба мисли юнучқа, қатраборон, гандум ва амсоли ин ба хисоб меравад.
Ҳосил намудани зироатҳои киштшаванда аз ҷониби инсон ин зинаи олӣ дар тараққиёти зироаткорӣ мебошад, ки имконияти бошуурона идора намудани ирсият ва инкишофи растаниҳоро тасдиқ менамояд.
Дар олам зиёда аз 500 ҳазор растаниҳо мавҷуд аст ,ки аз руи хусусиятҳои морфологи ва биологиашон фарқ мекунанд, аз он 30 ҳазорашро инсон истифода мебарад ва 20 хозори он бевосита парвариш карда мешавад. Чунин растаниҳои киштшаванда дар шароити истеҳсолӣ зиёда аз 640 намуд ахамияти асоси доранд. Дар ҳудуди ИДМ зиёда аз 200 ҳазор намуди растаниҳо паҳн гаштаанд, ки аз онҳо дар шароити истеҳсолӣ 90 намудашон зироатхои сахрои мебошанд.
Дар Тоҷикистон қариб 45 ҳазор намуди растаниҳо ва ҳамчун зироати киштшаванда, қариб 35 намуди онҳо парвариш карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ