Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Иқлими хунук.
Чунин иқлим дар ноҳияҳои баландкўҳ, дар сарзамини кўҳсори
Тоҷикистони маказӣ ва шарқӣ, дар баландии 3-7 м ҳукумфармост. Дар
ин минтақа давраи хунукӣ давомнок буда, аксар вақт барф меборад.
Моҳи январ аз 12 то 25-300 хунук мешавад. Бинобар ин дар ин минтақа
калонтарин пиряхҳои доимӣ ба вуҷуд омадаанд.
- Маҷмўи ҳарорати самарабахш барои зироатҳо.
Зироат Барои навъи гурўҳҳои арзи гуногун пешпазак миёнапазак дерпазак Гандуми мулоимдонаи баҳорӣ 1100-1400 1400-1700 1600-1800 Гандуми сахтдонаи баҳорӣ - 1500-1800 1600-1900 Гандуми тирамоҳӣ 1150-1700 1300-1800 1500-1900 Ҷавдори тирамоҳӣ 1000-1700 1200-1800 1300-1850 Чавӣ баҳорӣ 950-1350 1300-1600 1400-1700 Сулӣ 1000-1500 1350-1650 1600-1800 Арзан 1400-1550 1500-1700 1700-1900 Ҷуворимакка барои дон 2000 2500 3000 Ҷуваримакка барои силос (нимдун-1800 2100 2500 бул) Шолӣ 2300 2750 3200
Ҷуворӣ 2300 2500 2800
Нахуд 1000-1350 1350-1500 1550-1650 Лўбиёи чинӣ (соя) 2000-2100 2300-2500 1800-3000 Лубиё 1500 1700 2000
Картошка 1200 1500 1800
Офтобпараст 1600-1800 2000 2300 Зағир 1450-1550 1550-1650 -
Пахта 3000 3400 4000
Талаботи зироат ва навъҳо насбат ба гармӣ вобаста аз реҷаи
обёрӣ, ғизогирӣ, шароитҳои метеорологӣ ва давомнокии давраи нашъу-
намо тағйир меёбад.
Фаҳмидани маълумотҳо оид ба талаботи растаниҳо нисбат ба
гармӣ барои муайян намудани муҳлатҳои мусоиди кишт ва ҷойгир со-
хтани зироатҳои саҳроӣ тибқи минтақаҳо, муайян намудани намудҳо ба-
рои кишти ангорӣ ва такрори фаро расидани давраҳои инкишофёбии
растаниҳо ва имкониятҳои гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол мутобиқи
минтақаҳо зарур аст. Нарасидани гармӣ ба комилан пухта нарасидани
ҳосил, барзиёдатии он бошад, бахусус дар солҳои хушк (хушксолиҳо), дар моҳҳои гарм (июл-август) боиси паст рафтани ҳосил - афтидани узвҳои самаравори растаниҳо мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё