Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар хокҳои ба бодхўрдашавӣ моил чаппагардон кардани қабати хок ба воситаи агрегатҳои якҷоя-кардашудаи чуқурнармкунанда (КПГ-2,5), ки якчанд амалиётро (нармкунӣ, ҳамворикунӣ ва шиббағелакунӣ) баробар иҷро мекунанд, аҳамияти калон дорад.
ИСТИФОДАИ НУРИҲО. Сулӣ ба истифодаи нуриҳо, аз ҷумла нуриҳои нитрогенӣ эҳтиёҷи калон дорад. Сулӣ туфайли силсилаи решагии хубинкишофёфта ва қобилияти баланди азхудкунӣ метавонад, ки моддаҳои ғизоиро аз таъсири баъдинаи пору, нуриҳои фосфорӣ ва пайвастагиҳои мушкилҳалшавандаи фосфордор самаранок истифода барад.
Дар вақти якхела будани ҳосили сулӣ ва ҷав, сулӣ нисбат ба ҷав моддаҳои ғизоиро бисёртар истифода мебарад. Барои ташаккулёбии 1 сентнер дони сулӣ 3-4 кг нитроген, 1-1,5 кг фосфор ва 3-4 кг калий лозим аст.
Давраи ҷаббиши моддаҳои ғизоии сулӣ нисбат ба дигар зироатҳои ғаллагӣ бештар давом мекунад.
Дар заминҳои обӣ нуриҳои фосфорӣ аз ҳисоби 70-90 кг/га (м.т.) ва дар заминҳои лалмӣ 45-50 кг/га (м.т.) муайян карда шудаанд, ки асосан пеш аз шудгор ба замин пошида мешаванд. Меъёри нуриҳои нитрогенӣ барои заминҳои обӣ 70-90кг/га (м.т.), лалмӣ 40-60 кг/га (м.т.)-ро ташкил медиҳанд. Ин миқдор дар ду давраи ғизодиҳӣ: ҳангоми панҷазанӣ ва найчабарорӣ баробар пошида мешаванд.
Аз рўи маълумотҳои шабакаҳои собиқ Пажўҳишгоҳи умумииттифоқии нуриҳо ва кимиёи агрономӣ, таҳлили натиҷаҳои таҷрибаҳои истифодабарии нуриҳо дар кишт-ҳои сулӣ, ки дар минтақаҳои гуногун гузаронида шуда-анд, нишон медиҳанд, ки дар ноҳияҳои сулипарвар истифодаи якҷояи (NРК) нуриҳои минералӣ самараи хуб медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар шароити заминҳои обёришавандаи водии Ҳисор ҳангоми пошидани 90 кг/га нитроген ва 90 кг/га фосфор (м.т.) 54,1 с/га сулӣ гириф-та шуд, ки 11,3 с/га он аз ҳисоби нуриҳо мебошад.

пешина
аз 314
навбатӣ