Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

лудовисиана Дур.), ки дар киштзорҳои сулӣ ба сифати алафи бегона паҳн мешаванд, вохўрдан мумкин аст.
Сулӣ растании рўзи дароз аст. Ба гармӣ камталаб буда, ҳарорати баланд ба он таъсири манфӣ мерасонад. Майсаҳои сулӣ ба сармои баҳорӣ (то ба -6 -80С) тобовар мебошанд. Барои пурра ба итмом расидани давраи нашъунамои сулӣ 1600-19000С гармӣ лозим аст.
Сулӣ нисбат ба гандуму ҷав зироати гармипарасту соядўст аст. Аз ин сабаб онро чун зироати соядўст дар киштҳои омехта барои хўроки чорво васеъ истифода мебаранд. Дараҷаи транспиратсиониаш ба 450-500 баробар аст. Давраи хатарнокии ба об эҳтиёҷ доштанаш 12-15 рўз пеш аз ҷорўбакбарорӣ сар шуда, то давраи ширагирии дон давом мекунад.
Сулӣ зироати биологии баҳорӣ буда, кишти авали баҳории он бештар маълум аст. Дар баробари ин навъҳои зимистонии сулӣ барои кишти тирамоҳӣ мутобиқ кунонида шудаанд.
Давраи пурраи нашъунамои сулӣ то расиши пурраи дон дар киштҳои тирамоҳӣ 180-226 ва дар баҳорӣ 110-120 рўз давом мекунад.
Ба туфайли силсилаи решагии нағз инкишофёфтааш сулӣ метавонад аз хушкиҳои баҳорӣ кам осеб бинад.
Сулӣ ба хусусиятҳои таркибии хок камталаб буда, дар заминҳои регдор, гилин, гилхок ва камзаҳе, ки муҳи-ти маҳлули хокашон рН 5-6 аст, парвариш меёбад. Аммо дар шўрхокҳо парвариши сулӣ тавсия намешавад.
НАВЪҲО. Дар ҷумҳурии мо навъҳои «Тоҷикӣ-50», «Тезпазак» ва «Вахш 110»-и сулӣ ноҳиябандӣ шудаанд.
«Тоҷикӣ-50». Дар собиқ Пажўҳишгоҳи «Зиротачигӣ» ҳозира Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироаткор» рўёнида шуда, барои киштҳои фосилавӣ дар шароити заминҳои обӣ мутобиқ кунонида шудааст.
Вазни 1000 донааш 24-27 г. аст. Навъи биологии тирамоҳист, ки ба хунукӣ нағз тобовар буда, хобнорав аст ва давраи нашъунамояш 211 рўз мебошад. Ба гуно-гуннамуди пугнакс мансуб аст.

пешина
аз 314
навбатӣ