70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Зариф Шарипович соли 1959 рисолаи докториро дифоъ намуда, аз соли 1960 профессор, аз соли 1971 академики АИ ҷумҳурӣ буданд. Мувофиқи маълумоти профессор М. Б. Бобохонов, Зариф Шарипович «…олими пурмаҳсул буда, зиёда аз 300 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ навиштааст. Зери сарпарастии Зариф Раҷабов қариб
50 нафар рисолаи номзадӣ ва 10 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Зариф Шарипович соли 1990 дар шаҳри Москва вафот кард ва дар ҳамон ҷо дафн карда шуд. Олими тавоно Зариф Шарипович, махсусан доир ба таърихи афкори халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX асарҳои зиёде офаридааст. Дар маркази таҳқиқоти олим эҷодиёти Аҳмади Дониш – асосгузори равияи маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна, фарзанди барўманди халқи тоҷик, ки бо эҷодиёти худ як зумра зиёиёни ин сарзаминро аз хоби асримиёнагӣ, ба ҳаёти нав бедор кардааст, меистод. Устод Садриддин Айнӣ ҳам маҳз ба шарофати шиносоӣ бо асари барҷастаи ин мутафаккир – «Наводир-ул-вақоеъ» бедор гаштанашро эътироф намудааст ва ўро «ситораи дурахшон дар осмони тираи Бухоро» номидааст.
Маҳз мақоми Аҳмади Донишро дар афкори ҷамъиятии давр ба инобат гирифта, Зариф Шарипович дар бораи ин марди бузурги хирад якчанд асарҳои мустақилро бо забони тоҷикӣ ва русӣ офаридааст, ки онҳо китобҳои дўстдоштаи хонандагон гардиданд. Дар китоби «Садриддин Айнӣ – таърихшиноси халқи тоҷик» Зариф Шарипович асарҳои устод С. Айниро ҳамчун таърихшинос таҳлил намуда, мақоми ин нависандаи бузургро дар илми таърих муайян намудааст.
Зариф Шарипович махсусан дар замони ректори унивеситети давлати Тоҷикистон, директори институти таърих, академик – китоби шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ ҷумҳурӣ будан, бештар маҳорати ташкилотчигии худро нишон дод. Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки оғози фаъолияти Университети давлати Тоҷикистон, аз аввалин сарвари он чӣ гуна машаққатҳои зиёдро талаб мекунад. Зариф Шарипович ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, тамоми масъулияте, ки ба дўши худ гирифта буд, сарбаландона иҷро намуд.
Хизматҳои Зариф Раҷабов аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷумла, соли 1964 ҳамчун Ходими Хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, соли 1967 сазовори мукофоти давлати ҶШС Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, вакили Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3-4-ум) интихоб шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё