Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъди хатми институт ҳам ба Хуҷанд баргашта, фаъолияти омўзгориро дар курсҳои номбурда идома дод.
Сентябри соли 1932 Зариф Шарипович, бо таклифи Саид Носиров, ки Комиссари халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон таъин гардида буд, ба Душанбе омад ва омўзгори Академияи омўзгорӣ (ҳозира Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ ба номи С. Айнӣ), ки дар базаи Агропедкомбинати Душанбе бунёд шуда буд, таъйин гардид. Аммо дар дил ҳаваси такмил додани дониш, махсусан таҳсил дар аспирантураро дошт.
Феврали соли 1932 Зариф Шарипович аспиранти Институт Шарқшиносии Ленинград (ҳозира Санкт Петербург)-и АИ ИҶШС (СССР) гардид. Ҳамон лаҳза директори он институт, олими машҳур, академик С. Ф. Олденбург буд. Ў дар як вақт сарвари Базаи Тоҷикистонии АИ ИҶШС низ ба ҳисоб мерафт. Зариф Шариповичи ҷавон бо ин олими номӣ аз наздик шинос шуд. Дар ин донишкада, барои аспирантон курси махсусро оиди таърихи асримиёнагии халқҳои Осиёӣ Миёна, олимони номӣ, профессорон А. Ю. Якубовский ва П.
П. Иванов таълим додаанд.
Зариф Шарипович ҳангоми аспирантӣ, яъне дар шаҳри Ленинград будан, дар конфронси якуми АИ ИҶШС оиди таҳқиқи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҶШС Тоҷикистон, ки 10-16 апрели соли 1933 дар ин шаҳр шуда гузаштааст, ширкат варзидааст. Конфронс, ки ба натиҷаи фаъолияти Эъзомияи комплексии Тоҷикистон бахшида шуда буд, бинобар ин дар он олимони зиёд иштирок доштанд.
Моҳи майи соли 1937 Зариф Шарипович дар шаҳри Москва, дар бинои асосии АИ ИҶШС, рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Ҷадидизм дар Туркистон дар солҳои 1905-1917» бо муваффақият дифоъ намуд. Раиси Шўрои дифоъ, шарқшиноси номӣ, академик А.
Н. Самойлович буд.
Баъди ҳимояи рисола, Зариф Шарипович ба Душанбе баргашт ва ба вазифаи ходими калони илмии Базаи Тоҷикистонии АИ ИҶШС таъйин гардид. Аммо августи соли 1938, бо фармони Комиссариати маорифи халқии ҶШС Тоҷикистон, Зариф Шариповичро мудири кафедраи таърихи Институти муаллимтайёркунии Тоҷикистон ба номи М. Горкии шаҳри Тошканд таъйин карданд. Ин донишкада, ки ҳанўз соли 1925 таъсис ёфта буд, то соли хониши 1926/27 аз тарафи Комиссариати халқии маорифи ҶШС Ӯзбекистон идора карда мешуд. Минбаъд он ба ихтиёри Тоҷикистон гузашт. Августи соли 1935, бо таклифи ҶШС Тоҷикистон, дар базаи Институти маорифи Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд, Институти дусолаи муаллимтайёркунӣ, ки баъд номи М. Горкийро гирифта буд, бунёд ёфт. Институт шуъбаҳои таърих, филология, география ва табиатшиносиро доро буд.

пешина
аз 162
навбатӣ