Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин институт асосан барои мактабҳои миёнаи нопурраи Тоҷикистон кадр-омўзгор тайёр мекард. Дар ин донишкада Зариф Шарипович барои таърихшиносон ва адабиётшиносон курси таърихи халқҳои ИҶШС – ро мехонданд. Донишкада солҳои 1935-1941 вуҷуд дошт. Аз ҷумлаи хатмкунандагони ин донишкада, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мулло Эркаев, Б. Н. Ниёзмуҳаммадов ва дигар шахсони машҳури ҷумҳуриамон буданд.
Баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ бинои донишкадаро ба госпитали ҳарбӣ табдил дода, донишҷуёни онро ба мактабҳои олии Тоҷикистон тақсим намуданд. Зариф Шариповичро, баъди дар шаҳри Тошканд қатъ гардидани фаъолияти донишкада, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи Филиали Ӯзбекистонии АИ ИҶШС таъйин карданд. Ҳамон вақт сарвари он филиал, олими машҳур Т. Н. Қориниёзов буд. Минбаъд, Зариф Шарипович дар институти номбурда мудири шуъбаи таърих, баъд котиби илмии институт гардид. Дар як вақт дар Институти ҳизбии Тошканд ва Институти шабонаи омўзгорӣ дарс мегуфт. Ноябри соли 1943 Зариф Шарипович директори Институти таърих ва бостоншиносии АИ Ӯзбекистон таъин гардид. Тирамоҳи соли 1944 ўро ҳамчун номзад ба аъзогии ҳизби коммунистӣ қабул карданд.
Соли 1945 Ҳукумати Ӯзбекистон, як гурўҳ олимони ихтисосҳои гуногун, аз он ҷумла Зариф Шариповичро ба шаҳри Москва, ба докторантура фиристод. Зариф Шарипович докторанти Институти таърихи АИ ИҶШС гардид. Мушовири илмии Зариф Шарипович, мутахассиси таърихи Русия, профессор С. В. Бахрушин таъин гардида буд. Апрели соли 1948 мўҳлати докторантура барои Зариф Шарипович ба итмом расид ва бояд ба шаҳри Тошканд бармегашт. Дар чунин лаҳза аз Бобоҷон Ғафуров, котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки роҳбари асосии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафтанд, барқияи ба Душанбе омадан расид ва дар як вақт розигии Зариф Шариповичро барои ректори Университети давлатии Тоҷикистон шудан, гирифтанд.
27 феврали соли 1948 вазири маълумоти олии ИҶШС С. В. Кафтанов бо фармони худ номзадии Зариф Шариповичро ба вазифаи ректори Университети давлати Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Аммо омодагӣ барои кушодани университет ҳанўз моҳи феврали ҳамон сол оғоз гардидааст. Сараввал ҳайати ректорати университет, ки аз ду нафар иборат буд, дар як утоқи хурди бинои филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС ҷойгир шудааст. Шумораи умумии кормандони университет қариб 40 нафарро ташкил медоданд.
Баъди аз Москва ба Душанбе баргаштани Зариф Шарипович, ўро Бобоҷон Ғафуров қабул намуда, таъкид кардааст, ки албатта, то оғози фаъолияти университет душвории зиёд пеш меояд. Аммо кумитаи марказии ҳизби комунистии ҷумҳурӣ ҳама вақт барои кўмак расонидан омода аст. Махсусан, худи Бобоҷон Ғафуров ҳар ҳафта як маротиба ректорро қабул намуда, оид ба вазъи университет пурсон мешуд.

пешина
аз 162
навбатӣ