70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Зариф Шарипович соли дуюми таҳсилро дар Самарқанд гузаронида, аввали июли соли 1923 боз ба Хуҷанд баргашт. Мувофиқи дигар маълумот, Зариф Шарипович «соли 1924 омўзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқандро хатм намудааст». Аммо мувофиқи маълумоти худи Зариф Шарипович, ў охири августи соли 1923, бо тавсияи падар, барои таҳсил ба шаҳри Тошканд, ба Институти маорифи ўзбекӣ дохил шуд. Ҳамон сол танҳо аз Хуҷанд ба ин донишкада, барои таҳсил 15 нафар омада буданд. Дар хобгоҳи он Зариф Шарипович бо Дунган Алёша ном ҷавоне дўстӣ пайдо кардааст. Ин ҷавон соли 1939 дар ҷанги Шўравӣ бо Япония, дар муҳорибаи Халхин – Гол ҳалок шудааст. Зариф Шарипович, ба ҳурмати дўстӣ, ба худ лақаби адабии «Дунган» – ро гирифтааст.
Институти маорифи ўзбикӣ, бо андешаи Зариф Шарипович, махсусан барои ташаккули ҷаҳонбинии онҳо мақоми бузурге бозидааст.
Аммо муносибати бади мудири шуъбаи таълими институт ўро дилгир намудааст. Бинобар ин, соли 1924 баъди баргаштан ба Хуҷанд, ба падараш мерасонад, ки дигар ба Тошканд намеравад. Бо кўмаки муаллими аввалини мактаби Шўравиаш – Ш. Раҷабов, ки ҳамон вақт дар Москва, дар Университети коммунистӣ ба номи Свердлов таҳсил мекард, роҳи Москваро пеш гирифт.
1 сентябри соли 1925 Зариф Шарипович донишҷўи факултети коргарии Университети дуюми Москва гардида, баъди таҳсили се сол, соли 1928 онро хатм намуда, ба Хуҷанд бармегардад. Мехост дар зодгоҳаш бо касби омўзгорӣ машғул шавад. Аммо ҳамон сол ба Душанбе даъват мегардад ва дар курсҳои муаллимтайёркунӣ, бо касби омўзгорӣ машғул мешавад. Ҳангоми дар Душанбе будан, солҳои 1928-1929 дар хонаи дўсташ нависанда ва шоири умедбахш, Ҳаким Карим, ки дар ҶБВ шаҳид гардидааст, ҳамон вақт дар маъмурияти Шўрои Комиссарони халқии ҷумҳурӣ кор мекард, зиндагӣ мекунад.
Орзуи деринаи Зариф Шарипович ин таҳсил дар Университети давлатии шаҳри Москва буд, ки он соли 1928 амалӣ гардид. Факултете, ки ў таҳсил мекард, 1 июни соли 1931 ба Институти таъриху фалсафаи Москва табдил дода шуд ва он бевосита ба Комиссариати халқии маорифи ҶФШС Руссия итоат мекард. Дар ин Институт таърихшиносони номии давр фаъолият намудаанд. Аз ҷумла, фанни «Таърихи шарқи қадим»-ро академик В. В. Бартолд дарс додааст.
Ҳангоми таҳсил дар УДМ ва Институти таъриху фалсафаи Москва Зариф Шарипович ду сол дар факултети коргарӣ, ки дар назди Институти шабонаи бофандагии Москва буд, аз таърихи муборизаи синфӣ дарс гуфтааст. Зариф Шарипович махсус таъкид мекунад, ки «баъди таҳсил дар факултети коргарӣ ва яксола таҳсил дар УДМ шавқу завқи ман нисбат ба таърих бештар гардид».
Майли Зариф Шарипович нисбат ба касби омўзгорӣ сол аз сол зиёд мешуд. Бинобар ҳамин ҳам, солҳои донишҷўи УДМ ва Институти таъриху фалсафаи Москва будан, ҳар тобистон, лаҳзаи дар Душанбе будан, ба курсҳои муаллимтайёркунӣ ва бозомўзӣ дарс мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё