Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бинобар ин, дар он синфхона ҳама вақт торикӣ ҳукмфармоӣ мекард. Дар дохили синфхона дар назди чор девор курсиҳои паст-паст гузошта шуда буд. Талабагон дар ҳамин курсиҳо нишаста, дар назди худ китобро мегузоштанд. Ҳар талаба китоби худро дошт. Кадоме ҳафтяк, дигаре чор китоб, сеюмин асарҳои Навоӣ, Фузулӣ, ё худ Бедилро меовард. Талабагон китоби худро бо овози баланд мехонданд. Бо ҳамин сабаб дар синфхона ҳама вақт ғавғои талабагон ҳукмрон буд. Омўзгор – мулло дар мобайни синфхона менишаст. Дар мактаб 50-60 нафар талаба таҳсил менамуданд.
Талабаҳо ҳангоми машғулият ба ҳам хеле наздик, ҷафс-ҷафс менишастанд.
Аз сабаби он ки падарашон – Мирзо Шариф дар Андиҷон фаъолият мекард, Зариф Шарипович бо бародари худ – Латиф аз мактаби таълими усули кўҳна қаноатманд нашуда, ба назди падар, ба Андиҷон рафта, дар мактаби русии маҳҳалии он ҷо таҳсил намудаанд. Онҳо дар ин мактаб забони русӣ, география, таърих ва риёзиёт (математика)-ро то андозае омўхтаанд. Баъди бунёди Ҳокимияти Шўравӣ, ҳар ду бародар, бо ҳамроҳии падар ба Хуҷанд баргаштанд.
Бародарон минбаъд таҳсилро дар мактаби Шўравии ш. Хуҷанд идома додаанд.
Дар гузаре, ки оилаи Зариф Шарипович мезистанд, шахси давлатмандтарин Эргашбой буд, ки бо хариду фурўши меваи хушк машғул буд. Ӯ хонаи дуошёнаи зебо дошт. Дар замони Шўравӣ он хонаро мусодира намуда, ба мактаб табдил доданд. Зариф Шарипович бо додари худ – Латиф, амакбачаҳо – Солеҳ ( минбаъд академик) ва Додо Ашурхоҷаевич Раҷабовҳо дар он таълим гирифтаанд.
Падари Зариф Шарипович – Мирзо Шариф бунёди Ҳокимияти Шўравиро хуш пазируфтааст. Бинобар ин, баъди хатми курси чормоҳаи милитсияи шаҳри Тошканд, ўро сарвари шуъбаи милитсияи як қисми шаҳри Хуҷанд таъин кардаанд.
Барои дар мактаби Шўравӣ таҳсил намудани Зариф ва Латиф диндорони иртиҷоъпарасти маҳаллӣ сахт муқобилият карда, онҳоро «кофирон» гўён, таҳқир мекардаанд. Мактаби онҳоро, як сол дар меҳмонхонаи бойи маҳаллӣ Мирзохонов, ки дар назди бозори Панҷшанбе буд, ҷойгир намуда, баъд ба хонаи Эргашбой кўчонидаанд.
Мувофиқи нақли пайвандони Эргашбой, бобояшон соли 1910 замини холиро харида, устоҳои кандакорро аз шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ҷалб карда, хонаҳоро сохтаанд.
Соли 1919 дар Хуҷанд иттифоқи ҷавонон бунёд гардид. Аввали соли 1920, дар яке аз ҷамъомадҳо, тамоми талабаҳои мактаберо, ки Зариф Шарипович таҳсил мекарданд, ба иттифоқи ҷавонон қабул кардаанд.
Худи ҳамон сол Зариф Шариповичро ба комсомол қабул намудаанд.
Дар мактаб ў дар ҳар гуна маҳфилҳо, аз ҷумла, маҳфилҳои бадеӣ иштирок мекард.

пешина
аз 162
навбатӣ