70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Намоз ҲОТАМОВ,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
АКАДЕМИК ЗАРИФ ШАРИПОВИЧ РАҶАБОВ –
ОЛИМИ ТАВОНО ВА ТАШКИЛОТЧИИ МОҲИР
Дар симои академик Зариф Шарипович Раҷабов мо роҳҳои душвор ва дурахшони илму фарҳангӣ халқи тоҷикро дар замони Шўравӣ дида метавонем.
Зариф Шарипович Раҷабов дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадааст. Мувофиқи маълумоти яке аз шогирдони наздик ва содиқтарини Зариф Шарипович, таърихшиноси номӣ, профессор Мансур Бобохонович Бобохонов, ки дар Энсиклопедияи советии тоҷик навиштааст, санаи таваллуди Зариф Шарипович 17 июли соли 1907, аммо худи академик дар асараш «Роҳи дониш» («Дорогой знаний») санаи таваллуд-соли 1906-ро қайд кардааст. Инчунин таъкид кардааст, ки дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.
Падари Зариф Шарипович – Мирзо Шариф, аз ҷумлаи аҳли савод буда, модараш савод надоштааст. Мирзо Шариф ба ғайр аз мактаби таълими усули кўҳна, 3 сол дар мадраса низ таълим гирифтааст. Ӯ дар шаҳри Хуҷанд, дар бозори Панҷшанбе як дўкони тоқифурўшӣ дошт, баъди кор, бегоҳӣ курси забони русиро дар назди мактаби русии маҳаллии барои калонсолони Хуҷанд бунёд гардида, ширкат намуда, забони русиро омўхтааст. Аз ҳамин сабаб Мирзо Шариф бо забони русӣ озодона суҳбат намуда, рўзномаҳои русиро мутолиа мекард, баъзе ҳуҷҷатҳоро бо забони русӣ тартиб медод. Маҳз чунин дониши забони русӣ имконият дод, ки Мирзо Шариф то Инқилоби Октябрии Русия (соли 1917) 15 сол ҳамчун фурўшандаи молҳои яке аз тоҷирони Хуҷанд, ки дар шаҳри Андиҷон фаъолият мекард, хизмат намояд. Мирзо Шариф ҳамчун фурўшанда дар Андиҷон бо намояндагони бонкҳо, ширкатҳои тиҷоратии русӣ ва контораҳои нақлиётӣ муомила карда, бо ҳаёти русҳо ва русзабонҳо аз наздик шинос шудааст. Аз ҷумла, Мирзо Шариф ба супориши хўҷаини худ ба Русия пахта, меваи хушк, пўсти қарокўлиро барои ширкатҳои тиҷоратии русиягӣ бурда, аз он ҷо бо вагонҳо ангиштсанг оварда, ба тоҷирони хурди андиҷонӣ тақсим менамуд.
Дар оилаи Мирзо Шариф 5 нафар фарзанд буд. Се духтар ва 2 писар. Зариф Шарипович, ки писари калонӣ буд, бештар дар бозор, яъне дўконе, ки доштанд, тоқӣ ё худ ресмони модарашон аз пахта ресидаро мефурўхт.
Зариф Шариповичро дар синни 7-солагӣ барои таҳсил ба мактаби таълими усули кўҳна доданд. Бо нақли худи Зариф Шарипович, синфхонаи он мактаб ҳамагӣ аз як хоначаи чоркунҷаи аз ғишти хом сохташуда иборат буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё