Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳунарҳои мардумӣ – аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як такони ҷиддӣ буд дар рушди осорхонаҳо. Зеро, ки маҳз осорхона дар ҳифз, ҷамъоварӣ ва тарғиби ҳунарҳои анъанавии ниёгонамон масъул мебошад.
Маҳз бо ҳамин мақсад ҳамасола дар Осорхонаи мардумшиносӣ намоишҳои мавзўӣ баргузор мегарданд, ки ҳар яке аз онҳо муаррифкунандаи фарҳанги волоии тоҷикон ба шумор мераванд.
Аз ҷумла намоишҳои зерин:

  • Чакан дар фарҳанги тоҷикон – бахшида ба санъати гулдўзии тоҷик, марти 2019;
  • Эъҷози муқалам – бахшида ба санъати кулолгари дар ҳудуди Тоҷикистон, сентябри 2019;
  • намоиши либосҳои миллӣ аз фонди осорхонаи мардумшиносӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, марти 2020;
  • Зар ва заргар бахшида ба санъати заргарии тоҷик, майи 2020 мавриди таваҷҷўҳи мардуми кишвар қарор гирифта будаанд.
    Чи хеле, ки қайд намудем, нигораҳои осорхонаи мазкур ифшогари санъати волои мардуми тоҷик мебошанд ва дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ ин мақоми хешро сарбаландона ҳифозат менамояд. Коллексияи пурғановати осорхона чандин маротиба дар давлатҳои бо мо дўсту бародар ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби намондагони ин давлатҳо баҳои баланд гирифтанд. Намоиши экспозиционии осорхона дар давлатҳои Ҷопон ва Германия ба намоиш гузошта шудаанд.
    Масъулини осорхона бо кормандони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ҳамкории зич дошта, дар якҷоягӣ ба экспедистияҳои этнографӣ сафар мекунанд.
    Боиси қайд аст, ки дар рафти ҷамъоварии нигораҳо мутахасисони шуъба инчунин ба ҷамъоварии маводҳои илмӣ машғул шуда, дар асоси онҳо якчанд монографияю мақолаҳои илмӣ чоп гардидаанд.
    Қайд кардан ҷоиз аст, ки масъулини шуъбаи мардумшиносӣ дар омўзиши ёдгориҳои фонди осорхона низ банд мебошанд. Дар асоси ёдгориҳои осорхона якчанд китобу маҷмўаҳои илмӣ аз чоп баромадааст, ки боиси ифтихори кормандони осорхона мебошад.
    Аз ҷумла: Н. Н. Ершова и З. А. Широкова «Албоми либосҳои тоҷикон» (Душанбе 1969) А. К. Писарчик «Амали ҳунармандони тоҷик» (Душанбе, 1987), Н.Исаева-Юнусова «Гулдузии тоҷикӣ» (Москва: «Искусство», 1979), Л. Н. Додхудоева «Народное искусство Памира» Душанбе. 2009, Л. Додхудоева «Санъати мардумии Тоҷикистон»
    (Душанбе, 2011) ва ғайра.
    Ҳамин тариқ, гуфтан зарур аст, ки Осорхонаи мардумшиносӣ як маҳзани илму фарҳанг ба шумор рафта, дар муаррифӣ, нигоҳдошт ва ҷамъоварии нигораҳое, ки фарҳанги волои тоҷикон мебошанд, саҳмгузор мебошанд.
пешина
аз 162
навбатӣ