70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Композитсияро се абри аз метал духташуда ва бо усули тўрдўзӣ пурра гардида, ҷамъбаст менамояд.1 Боиси қайд аст, ки расми гулдастаю гулбутаҳое, ки дар болои куртаю, рўйпўшҳо сўзанӣ мешаванд, расми дар давоми асрҳо тақвият ёфтаи «дарахти ҳаёт» мебошад. Кормандони осорхона бо мақсади ба шаҳрвандон фаҳмонда додани таърих ва санъати гўлдузии тоҷик дар осорхона намоиши мавзўиро зери унвони «Чакан дар фарҳанги тоҷикон» доир карданд, ки ин намоиш, аз таърихи инкишофи санъати гулдўзии тоҷик шаҳодат медиҳад. Дар ин намоиш намунаи гулдўзиҳо ва асбобҳои коркарди матоъ аз асри XIX то XXI ба намоиш гузошта шудаанд, ки шаҳодатгари заҳмати беандозаи зани тоҷик барои омода намудани куртаю пойҷома ва дигар анҷомҳои гулдузӣ мебошад.
Яке аз бойтарин ва ҷолибтарин коллексияи осорхона коллексияи ороишоти заргарӣ мебошад, ки зиёда аз 3000 адад ташкил медиҳад.
Дар коллексияи заргарӣ метавон бо пуррагӣ фарқияти фарҳанги заргарии минтақаҳои кишварро дарк кард. Коллексияи қисмати шимолии Тоҷикистон, ки бо техникаи мураккаб ва истифодаи бештари сангҳо ва металҳои қимматбаҳо сохта шудаанд, аз ороишоти заргарии дигар минтақаҳо бо кулли фарқ мекунад. Масалан қоштиллою бозубанди суғдиро наметавон дар ороишоти заргарии вилояти Хатлон ва Бадахшон дид. Фарқияти маҳорати кории ҳунармандони минтақаҳо, соддагию мураккабӣ дар ороишот, истифодаи сангҳои қимматбаҳою оддӣ ва мавқеи ороишот имрўз ва гузашта, фарогири коллексияи осорхонавӣ мебошанд.
Чуб низ яке аз ашёҳои зарурӣ дар рўзгори инсон ба шумор меравад. Бинобар ин, дар фонди осорхона бисёр ёдгориҳое ҳастанд, ки аз маҳорати баланди коркарди чуб шаҳодат медиҳанд. Дарҳои кандакорӣ шуда аз Конибодому Исфара, мўҳрҳои читгарӣ аз Истаравшан, гаҳвораҳои мунаққаш аз Кўлобу Дарвозу Хуҷанд, табақҳои андозаашон гуногун аз Хоруғу Ванҷ коллексияи чубиии осорхонаро диққатҷалбкунанд намудаанд.
Дар коллексияи чубкорӣ мавқеи махсусро меҳроби чубӣ ишғол мекунад, ки аз ноҳияи Айнӣ дастрас гардидааст. Меҳроб ба охири асри ХVIII – аввали асри ХХ тааллуқ дошта, онро мардумшиноси маъруф А. Давидов ба фонди осорхона супоридааст. Дар қисми миёнаи он нақши чоркунҷае бурида шудааст, ки ба свастика шабоҳат дорад. Ба ақидаи мутахасисон, ин шакли такмил ёфтаи свастика мебошад. Дигар гулҳои болои меҳроб, ки композитсияро пурра менамоянд, ба шакли чоргула ва офтобпараст бурида шудаанд.
Ёдгории мазкур тадқиқи аниқро талаб мекунад, зеро композитсияи болои он худ як асари ниоомўхта ба шумор меравад.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва
1 Майтдинова Г.М. История таджикского костюма. Т.1. Душанбе. 2004. Стр 10.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё