Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Т. АШУРМАДОВА,
директори Осорхонаи мардумшиносии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносииба номи А. Дониш

НАҚШИ ОСОРХОНАИ МАРДУМШИНОСӢ
ДАР ҶАМЪОВАРӢ ВА МУАРРИФИИ
САНЪАТИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

Худшиносӣ дар натиҷаи ҳаматарафа омўхтани таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати худ ва дар муқоиса бо тамаддунҳои дигар ба вуҷуд меояд.
Омўзиши таърих ва фарҳанги миллат метавонад ҳисси хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиро дар ниҳоди ҷавонон мустаҳкам намуда, дар тарбияи насли бофарҳанг дар ҷомеа саҳм гузорад. Ба истифода додани муассисаҳои фарҳангӣ – илмӣ дар ҷумҳурӣ қадами устуворест дар сиёсати пешгирифтаи имрўзаи роҳбарияти кишвар. Зеро, маҳз муассисаҳои фарҳангӣ (осорхона, китобхона, театр) яке аз пояҳои устувори сиёсати кишвар дар муаррифии таъриху фарҳанги миллат ба хисоб меравад.
Яке аз рукнҳои давлатдории тоҷикон эҳтироми таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад, ки имрўзҳо фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва пойдор нигоҳ доштани фарҳанги пурғановати тоҷикон, чораҳои зарури андешида истодааст. Таҳия ва қабули қарору лоиҳаҳои давлатӣ, баргузории Рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои бо мо дусту бародар, иштирок ва намоиши дастовардҳои ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои байналмилаллӣ, баргузории виставкаю намоишҳои дохили ҷумҳурӣ аз чораҳои зарурии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Чи хеле, ки таърихшиноси машҳур Н. Исаева-Юнусова навиштааст – «Санъати ҳақиқӣ ба макон ва вақти тавлиди худ нигоҳ накарда, ҳамеша барои инсон фаҳмо ва наздик мебошад. Санъати халоми ашкол ва зуҳуроташ ба санъати ҳақиқи марбут сохтан мумкин аст.
Робитаи наздик бо хоки аҷдоди ва табиат, ки гуё худи ҳамин шаклу анвои мухталифи эҷодиётро талқин менамояд, хосияти аслии он ба шумор меравад»1 Бале, санъати ҳақиқӣ ба макон ва вақти пайдоиши хеш вобастагӣ надорад, зеро дар давоми вақт ба дигаргуниҳои куллӣ дучор гардида, боз ҳам дилкашу ҷолибтар мегардад. Дар он шукўҳу шаҳомати ниёгон ҳамеша пойдор аст.2

1 Исаева –Юнусова Н. Таджикская вышивка. М. 1979. Стр. 5.
2 Ашурмадова Т. Қ. Нақши Осорхонаи мардумшиносӣ дар ҳифозати санъати мардумии Тоҷикистон\Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Душанбе. 2015. Стр 22-25.

пешина
аз 162
навбатӣ