Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

докториро дар мавзўи «Саҳми олимони Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ташаккул ва инкишофи илми химия дар асрҳои VIII-XII»
бомуваффақият дифоъ намуд.
Кормандани шуъба дар таҳқиқи илми астрономия ва астрология низ саҳми назаррас доранд. Аз ҷумла, фаъолияти н.и.ф.м. Холов М.
дар таҳқиқи таърихи илми мавсуф шоиста мебошад. Вай сарчашмаҳои муҳими таърихии «Маҷмаъ-ул-арқом»-и Мирзо Бадеи Девон (соли 2015), «Манозиру-л-кавокиб»-и Аҳмади Дониш (соли 2017), «Сувару-л-кавокиб»-и Абдураҳмони Суфӣ (соли 2020) ва «Мадхали манзум»-и Абдуҷаббори Хуҷандиро таҳқиқ ва аз алифбои ниёгон ба хатти сириллии тоҷикӣ баргардон намудааст. Мавсуф дигар асару мақолаҳои илмиро низ нашр намудааст. Фаъолияти Ҳ. Мақсадов ба самти таҳқиқи таърихи астрономия равона шудааст. Мавсуф соли 2002 асарҳои Насриддини Тўсӣ «Бист боб дар маърифати тақвим» ва «Мадхали манзум дар илми нуҷум»-ро таҳия ва бо пешгуфтор ба чоп расонда, соли 2020 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Инкишофи илми ситорашиносӣ дар Осиёи Миёна ва Эрон дар асри ХІІІ» ҳимоя намуд. Ҳ. Мақсадов дар бахши таърихи илм ва техника зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидааст.
Дар соли 2014 асари биобиблиографии «Таджикские ученые.
(Древность и средневековые)», ки олимони шуъба В.В.Дубовитский, Б.Қурбонов, А. Саидов ва Ҳ. Мақсадов омода намуданд ба табъ расид. Соли 2021 монографияи д.и.т. Қурбонов Б. «Вклад ученых Мавераннахра и Хорасана в формирование и развитие химической науки в VIII-XII вв.» нашр шуд. Аз моҳи апрели соли 2021яке аз муаллифон – н.и.т. А. Шарифзода ба ҳайси мудири Шуъба ба кор оғоз намуда, ҳоло асари энсиклопедии «Баён-ус-синоат» (نﺎﯿﺑ تﺎﻋﺎﻨﺼﻟا)-ро, ки ба қалами олими тоҷики асри XII – Ҳубайши Тифлисӣ таааллуқ дорад, ба чоп омода кардааст.
Ҳоло фаъолияти шуъба ба таҳияи асари «Таърихи илм ва техникаи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то имрўз» равона шудааст.

пешина
аз 162
навбатӣ