Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шаҳодатдиҳандаи таърихи санъат ва фарҳанги миллат осорхонаҳо ба шумор мераванд. Зеро, ки маҳз осорхона макони муқаддасест, ки нигоҳдошт ва эҳёи таъриху тамаддуни миллат дар он муаррифӣ мегардад. Ҳар як нигораи ин макон баёнгари таъриху тамаддун ва санъати волои воқеии аҷдодон ба шумор рафта, шаҳодатномаи миллат ба шумор мераванд. Имрўз дар ҷумҳурӣ зиёда аз
48 осорхона вуҷуд дорад, ки дар онҳо намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ шудаанд.
Осорхонаи мардумшиносии ба номи М. С. Андрееви Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ маҳз маконест, ки аз санъати ҳақиқӣ ва волои мардуми тоҷик аз асрҳои XIX то ХХІ шаҳодат медиҳад.
Осорхонаи мардумшиносӣ соли 1948 ба фаъолият оғоз намуда буд, ки асоси таъсиси осорхона нигораҳои ҷамъовардаи олимони шуъбаи мардумшиносии Институти таърихи АМИТ гардидааст.
Ташаббуси ҷамъ овардани маводҳо барои хазинаи мардумшиносӣ ба узви вобастаи АИ ИҶШС, олими намоён таърихшинос – мардумшинос М. С. Андреев тааллуқ дошт, ки барои хизмати намоёнаш дар омўзиши таърих, расму анъана ва санъати ҳақиқии мардуми тоҷик осорхона соли 1991 бо номи ў номгузорӣ гардидааст.
Намоиши аввалини нигораҳои осорхона соли 1951, дар маъракаи таъсиси Академия илмҳои Тоҷикистони Шўравӣ баргузор гардида буд, ки аз он мактуби Р. Л. Неменова ба И. И. Зарубин шаҳодат медиҳад: «Дар ҳуҷраи мардумшиносӣ дар 4 ҷевон ва витринаҳо ашёҳои рузгор, либос, ороишот ва афзоли хоҷагии қишлоқ, ки дар 2 соли экспедитсияи этнографии Кўлоб ҷамъовари шуда ва дар як ҷевон нигораҳое, ки М. С. Андреев аз водии Хуф соли 1943 ҷамъоварӣ намудааст ба намоиш гузошта шудааст. Як ҷевон бо намунаи матои гулқолиби бухороӣ низ ҳаст. Ҳамагӣ 800 ашё ба намоиш гузошта шудааст.»1 Дар бою ғанӣ гардонидани фонди этнографии осорхонаи мазкур, аз соли 1948 то имрўз, саҳми олимони машҳур, фарҳангшиносони асил, мардумшиносон А. К. Писарчик, Н. Н. Ершова, М. А. Ҳамиджанова, З. А. Широкова, А. С. Давидов, И. М. Муҳиддинов, А.
Мардонова, Т. И. Мезурнова, Н. С. Бабаева, Н. Тошматов, Р.
Абдулвоҳидов, Л. Додхудоева ва дигарон бузург аст.
Мардумшиносони асил баҳри омўзиш ва нигоҳдории фарҳанги волои миллати тоҷик қисмати зиёди умри хешро дареғ надоштаанд, аз тамоми гўшаю канори Тоҷикистони азизамон дидан карда, маълумотҳои заруриро дастрас намудаанд ва оиди расму оин ва анъанаи ин мардум чандин асару маърўзаҳо навиштаанд. То кунун асару маърўзаҳои ин олимони асил дастури олимони – мардумшиноси тоҷик мебошад. Ин олимони намоён дар рафти тадқиқоти мардум-

1 Мактуби Р. Л. Неменова ба И. И. Зарубин.

пешина
аз 162
навбатӣ