70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ҷашну оинҳои мардумии дерини Наврўз, Меҳргону Сада ва ҷойгоҳи он дар масири таърих, нақши меросбарии тоҷикон дар барҷоияти ин ҷашнҳо дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон таваҷҷўҳи хоса пайдо кард. На фақат мавзўи таҳқиқи ин ҷашнҳо моҳияту равиши нави тарғибу баррассии олимон шуда, инчунин доир ба масоили мубраму омўхтанашудаи Наврўзу Меҳргону, Сада, баргузор намудани ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ ва таҳияю нашри асарҳои дастаҷамъии илмии нав рўи кор омаданд, ки дар ин самт ҳайати шуъбаи Таърихи санъат кори назарраси ташкилию илмиро ба харҷ доданд. Дар навиштаҳоии академии дастаҷамъии мазкур масоили таърихию назарӣ, тенезиси таърихию илмӣ, қадимату моҳияти фалсафӣ-фарҳангӣ, ҷойгоҳи ҷомиасозу инсонмандии Наврўзу Меҳргон, Сада дар таърих, мероси фарҳанги тоҷик ва мардумони дигари Осиёи Марказӣ бо такя ба гузориши сарчашмаҳои хаттӣ дар муқоиса ба навиштаҳои то имрўз навишташуда бо хулосаҳои консептуалӣ натиҷагирӣ шуда ва мубрамияти илмии ин таҳқиқот дар дохили кишвар ва бурун аз он пазируфта шуданд[9].
Таҷлили бузургдошти симоҳои барҷастаю баноми тоҷик дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи фарҳангии байналмилалӣ дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон муназзам барномарезию баргузор шуданд. Баргузории санаҳои муҳимми таърихӣ, чеҳраҳои мондагори таъриху фарҳанг ва бо баргузории ҳамоишҳои сатҳан баланди байналмилалии илмӣ, таҳияи таҳқиқоти академии илмӣ, тарҷумаю нашри мероси илмию адабӣ, фалсафии ин симоҳо на фақат дар мадди назари таҳқиқии ҳайати пажўҳишии шуъбаи Таърихи санъат қарор гирифт, балки барномарезии ин ҷашнҳоро ҳам ба зимма дошт. Аз ҷумла, тавассути лоиҳаҳои ЮНЕСКО таҷлили 1250-умин зодрўзи Ҳаким Тирмизӣ, 600-умин солрўзи Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 3000-умин солгарди Ҳисор,100-солагии устодони санъати мусиқию хореографияи касбии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ, Ғаффор Валаматзода, 550-солагии мусиқидону шоир Наҷмиддини Кавкабӣ, 400-солагии суханвари бузург Миробид Сайидои Насафӣ, таҳияи лоиҳа, барномарезию баргузории симпозиумҳои байналмилалии илмӣ, таҳияю ба нашр омода намудани таҳқиқоти академии илмиро ҳайати илмии Шуъба ба зима дошт [10].
Доир ба шахсияту хидмат, эътибори таърихию фарҳангии симоҳои дигари таъриху фарҳанги тоҷик ҳам тибқи Қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла 190-умин зодрўзи муарриху суханвар, сиёсатмадор Аҳмад Махдуми Дониш, 120-солагии асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов, 100-солагии устоди бузурги театру мусиқӣ Тўҳфа Фозилова таҷлил шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё