70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ҳайати илмии шуъбаи Таърихи санъат дар тарҳрезии барномаҳои илмӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ дар иртибот ба ҷашни 1100- солагии давлати Сомониён гирдоварию таҳияи таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ низ корҳои зиёди ташкилию илмӣ, аз чумла, баргузор намудани конфронси байналмилии илмии «Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсии тоҷикӣ», таҳияю нашри маводи ин ҳамоиш дар таҳқиқоти академӣ ба забони англисии «The Samanid’s and the revival of the civiliization of Iranian peoples, compiled by:professor Askarali Rajabov, edited and translated by: Iraj Bashiri,Dushanbe,1998») низ саҳми хоса гузоштанд. Дар ин таҳқиқот масоили мубрами таърихию назарии доир ба хонадони Сомониён, мероси мадании камназири дар ин садаи заррин рўи саҳна омада, ҷойгоҳи он дар таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ бо такя ба гузориши сарчашмаҳои хаттии тозакашфшудаи олимони ватанию хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ овардаанд[5].
Бо кўшиши ҳайати илмии Шуъба ба ифтихори 10 – солагии таъсиси Анҷумани тоҷикону форсигўёни ҷаҳон ва посдории ёди бунёдгузору раиси иҷроияи он академик М. Осимӣ ду асари академии дастаҷамъии олимони кишварҳои форсигў «Духовная культура» ва «Саҳми тоҷикон ва форсизабонон дар тамаддуни ҷаҳонӣ» низ аз корҳои шоистаи таҳқиқӣ доир ба масоили таъриху фарҳанги тоҷикон мебошанд[6].
Омўзиши мероси таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, камназиртарин сарчашмаи хаттии маданӣ – «Авесто», арҷ гузоштан ба оину боварҳои дерини ҷомиасозу инсонманд, арзишҳои беназири ахлоқию маънавии осори фарҳанги тоисломӣ, генезис, тамаддуни ориёӣ ва амсоли ин аз мавзўоти муҳимми омўзиши ҳайати илмии Шуъба дар ҳамкорӣ ба олимони ватанию марказҳои бонуфузи таҳқиқии Шарқу Ғарб идома ёфтанд. Дар иртибот ба ин мавзўот баргузор намудани ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ доир ба 2700-умин соли интишори «Авесто», соли бузургдошти оини зардуштия, соли тамаддуни ориёӣ ва таҳияю нашри таҳқиқоти дастаҷамъии илмии академии «Авеста в истории и культуры Центральной Азии», «Арийская цивилизация в контексте евроазиатских культур» ва ғайра мебошанд [7].
Солҳои баъдӣ ҳайати пажуҳишии Шуъба баробари омўзиши мероси фарҳангии тоҷикон, инчунин таҷлили бузургдошти симоҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷик, 550-солагии рассоми барҷаста Камолиддин Беҳзод, 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Рўдакӣ, яъне ба замон, падидаҳои фарҳангӣ, мероси безаволу ҷойгоҳи он дар тамаддуни башарӣ, бозтобу идомати суннатҳои устодонаи шеъру мусиқӣ, санъати нигоргарӣ аз дирўз то имрўз бо истифодаи васеи манобеи хаттӣ дар шакли муқоисавию татбиқӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид [8].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё