Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шавӣ) интишорёфтаи солҳои 2001-2005 180 таълифотро дар бар мегирад, ки аз ин нишондиҳанда 23-то рисолаҳои илмӣ ва китобҳои илмӣ-оммавӣ мебошанд. Дар ин қатор китобҳои Ҳ. Пирумшоев «Нахустмаркази таълими таърих ва таърихшиносӣ» (дар ҳаммуаллифӣ), «Ванҷ (очерки илмӣ-оммавӣ)», «Кашшофи нақди таърих», «История города Душанбе» (дар шарикмуалифӣ), «Таърихи Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон» – ҷилди I (дар ҳаммуаллифӣ) ва ғайра ба дасти мутахассисон ва хонандагон расида, баҳои муносиб гирифтанд.
Чунин тадқиқоти ҷолиби дар ин давра интишорёфтаи академик Аҳрор Мухторов «Аз таърихи Мовароуннаҳри асри XVI», «Мақоми Истравшаниҳо дар тамаддуни башар», «Мукотибот, ёддошт, мушоҳидот», «Шаҳрҳои Афғонистон си сол қабл», «Зуфархон Ҷавҳарӣ.
Андешаи муаррих», «Тавсифномаи умумии шаҳри Балх дар асрҳои миёна», «Афшин Ҳайдар – сарлашкари бузургтарини арабҳо (асри IX)» дар таърихнигории муосири ватанӣ мақоми хосса гирифтаанд.
Ходими пешбари илмӣ Лариса Додхудоева ин панҷсоларо бо натиҷаи чашмрас ҷамъбаст намуд. Ба ғайр аз мақолоти сершумор рисолаҳои ба чоп расондаи ў «Маданияти ороиши китобҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустони асрҳои XVI-XIX», «Пешсафӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони қадим ва асрҳои миёна», китобмусавварраҳои «Истаравшан», «Ирам» натиҷаи баланди заҳмати бобарори ин олим ҳисоб меёбанд. Ба қатори таълифоти ҷолиби ин давра китобҳои ходими пешбари илмӣ Ҳамза Камол «Аз таърихи мазорҳои Тоҷикистони Шимолӣ», «Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон»
(дар ҳаммуаллифӣ) ва рисолаи ходими хурди илмӣ Н. Хоҷаева «Дарёфти ҷойгиршавии кўҳҳои Хара Березаити, дарёҳои Вахви-Дат, Ранха ва баҳри Ворукаша» низ ворид мегарданд.
Ҳамин тариқ дар солҳои 2001-2005, ба камшумории худ нигоҳ накарда, ходимони илмии шуъба дар иҷрои нақшаи корӣ ва таълифоти ғайринақшавӣ саҳми босазое гузоштаанд. Ҳар як китобу ҷузвияҳо ва мақолаҳои сершумори рўи чоп дидаи муаллифони номбурда, ки ба масоили гуногун бахшида шудаанд, дар алоҳидагӣ аз аҳамияти илмӣ
– назариявӣ холӣ набуда, маҷмўъан дар таърихнигории муосир нақши барҷаста гузоштаанд.
Дар нимаи дувуми даҳсолаи аввали асри XXI (2006–2010) қувваи асосии ходимони илмии шуъба барои ба чоп тайёр намудан ҷилди IV ва навиштани ҷилди III-и «Таърихи халқи тоҷик», ки бо сабабҳои объективӣ ба анҷом нарасида буданд, равона карда шуд. Дар баробари чунин масъулияти ҷиддӣ, бо заҳмати онҳо теъдоди зиёди рисолаҳои илмӣ, китобҳои илмӣ – оммавӣ ва мақолот рўи чоп омадааст. Боиси хурсандист, ки дар ин давраи нисбатан кўтоҳ ба сафи докторони илм Абдуққаҳор Саидов ва Ҳамза Камол ворид гардида, иқтидори таҳқиқотию таълифотии шуъбаро афзудаанд.

пешина
аз 162
навбатӣ