Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мақолаи дигари онро, ки дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд дар назар бояд дошт1.
Охири соли 1996 вазифаи мудирии шуъбаи таърихи асрҳои миёна ва навро ба зиммаи Ҳ. Пирумшоев гузошта, ҳамзамон онро расман Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав номгузорӣ намуданд.
Ходимони илмӣ фаъолияти худро аз рўи мавзўи умумии қаблан тасдиқшуда, «Таърихи халқи тоҷик. Қонуниятҳои умумӣ ва хусусиятҳои хоси раванди таърих (қадим, асрҳои миёна ва нав)» идома дода, диққати худро асосан ба фаслҳои: 1) «Таърихи қадимтарин ва қадими халқи тоҷик», 2) «Таърихи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии Осиёи Миёнаи давраҳои асримиёнагӣ ва нав» равона карданд. Дар ин давра шуъба 15 кормандонро дар бар мегирифт, ки ҳар кадом аз рўи нақшаи муайян фаъолияти касбии худро идома медод. Ба мушкилоти сустии пойгоҳи моддии шуъба нигоҳ накарда, ходимони илмӣ дар доираи мавзўҳои нақшавӣ ва берун аз он бештар аз 20 номгўй корҳоро ба чоп расонданд. Дар байни онҳо кори академик А.Мухторов «Амирону вазирони Сомониён» ҷолибияти хосса дорад.
Аз рўи ҷамъбасти корҳои ба табъ расида, аз ҷиҳати самаранокӣ бартарии соли 1998 бештар ба назар мерасид. Дар байни таълифоти ин сол рисолаи Ҳ. Пирумшоев «Таърихи омўзиши Шўриши Восеъ»
ва маҷмўаи илмии «Руссия дар қисмати таърихии халқи тоҷик» хеле ҷолиб буданд. Ҳамчунин аз падидаҳои илмии шуъба таълифоти А.
Мухторов «Асрори номаҳо», «Академик Бобоҷон Ғафуров», «Таърихи халқи тоҷик» (Китоби дарсӣ барои снфҳои 8-10), «Таърихи Ӯротеппа» ва рисолаи С. Бобомуллоев «Болооби Зарафшон дар ҳазорсолаи II то милод», ҳисоб меёбанд.
Соли 1999 ба ҷуз корҳои нақшавӣ, ки асосан бобҳои ҷудогонаи ҷилди IV «Таърихи халқи тоҷик»-ро дар бар мегирифтанд, ходимон шуъба 27 таълифоти муҳимро ба нашр расонданд, ки дар байни онҳо се рисолаи А. Мухторов «Таърихи Уротеппа», «Ҳисор. Очерки таърихӣ» ва «Мероси ниёгон. Очерки таърихӣ» қимати баланди илмиро соҳибанд.
Соли 2000-ум ба ғайр аз мавзўъҳои нақшавӣ, ки пурра ба иҷро расида буданд, ходимон шуъба чанд таълифоти илмӣ ва илмӣ-омавиро ба аҷом расондаву рўи чоп оварданд, ки дар байни онҳо китоби А.
Мухторов «Санг ҳам диле дорад» ва рисолаи Ҳ. Пирумшоев «Муносибатҳои Руссия ва Осиёи Миёна асрҳои XVI – миёнаи XIX дар таърихнигории рус», очеркҳои илмӣ-оммавии ҳамин муаллиф «Замини мардхез» ва «Ҷовидон дар ёдҳо» чун нишондиҳандаи ҷиддии дастоварди илмии шуъба ҳисоб меёбанд.
Дар паҷсолаи аввали саддаи нав – асри XXI дар шуъба кор аз рўи нақша ҷараён гирифта, дар марказ ҷилди IV-и «Таърихи халқи тоҷик» қарор дошт. Ҳамаи маҳсули илмии (нақшавию ғайринақ-

1 Ҳамон ҷо. Ҳисоботи шуъба барои соли 1996.

пешина
аз 162
навбатӣ