70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Албатта, таърих мисли дигар равияҳои илмӣ доимо дар ҳаракату пешравист. Инро дастовардҳои илмии солҳои 30-40 тасдиқ менамоянд. Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон зарурати омўзиши мукаммали таърихи халқи тоҷикро пеш овард.
Соли 1930 дар асоси қарори Шўрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин муассисаи расмии илмӣ – Институти давлатии илмӣ-тадқиқотии самти гуманитарӣ (ТГНИИ) кушода шуд. Ҷамъият доир ба омўзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронӣ, аз рўи қарори дар маҷлиси умумии Ҷамъият аз 9 сентябри соли 1930 қабул шуда, ба сифати шуъба шомил гардид.
Баъди таъсисёбии Пойгоҳ (база)-и тоҷикистонии АИ ИҶШС (14 марти соли 1932), дар асоси Қарори Шўрои Комиссарони халқ аз 28 марти соли 1933 Институти давлатии илмӣ-тадқиқотии самти гумманитарӣ бо унвони сектори таъриху лингвистика ба Пойгоҳи тоҷикистонӣ ҳамроҳ карда шуд. Ин амал барои пешбурди тадқиқоти таърихи халқи тоҷик заминаи қавӣ гузошт.
Зинаи навбатии ниҳоят муҳимми мусоидкунанда барои рушди фаъолияти тадқиқоти таърихи тоинқилобии таърихи халқи тоҷик, тибқи Қарори Шўрои Комиссарони халқи ИҶШС аз 10 ноябри соли 1940 ба Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС табдил додани Пойгоҳ (база) ҳисоб меёбад. Дар охири соли 1941 дар асоси шуъбаҳои фаъолият доштаи филиал институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил дода шуданд. Аз ҷумла, Институти таърих, забон ва адабиёт расман таъсис ёфт. Яке аз масъалаҳои марказии тадқиқотии ин институт «таълифи таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» ҳисоб меёфт, ки ҳанўз соли 1939 тибқи Қарори КМ ҲК(б) Тоҷикистон ба зиммаи Пойгоҳи (база) тоҷикистонӣ гузошта шуда буд.
Қисми аввали фаъолияти Филиал ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ – солҳои 1941-1945 рост омад. Вале ин мушкилот барои пешбурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бетаъсир намонда бошад ҳам, пеши роҳи онро пурра гирифта натавонист. Маҳз дар ҳамин давра китоби Б. Ғ. Ғафуров ва Н. И. Прохоров «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти кишвари худ» (1944), ки шарҳи мухтасари таърихи тўлонии тоҷиконро аз замонҳои қадим то солҳои 40-ми асри XX дар бар гирифтааст, ба чоп расид. Дар ин давраи фоҷиабор дастраси мутахассисон ва доираи васеи хонандагон гардидани повестҳои таърихии устод Садридин Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» (1944), падидаи муҳимми таърихнигории замон ҳисоб меёбад. Ба замми ин садҳо мақолоти ба ин ё он масоили таърихи асримиёнаи халқи тоҷик бахшидаи муаррихон, адабиётшиносон ва дигар равияҳои илмӣ аз дастовардҳои таърихнигории ин солҳои даҳшатбори ҷанг ҳисоб меёбанд.
Дар солҳои барқароркунии баъдиҷангии хоҷагии халқи мамлакат, барои рушди самтҳои гуногугуни илми ҷумҳурӣ шароити нисбатан мусоидтаре фароҳам омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё