Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Моҳи явари соли 1925 дар Тошканд бо ташаббуси шарқшиносони рус В. В. Бартолд, М. С. Андреев ва А. А. Семёнов «Ҷамъият барои омўзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии берун аз он» ташкил ёфт. Ин ҷамъият аввалин муассисаи илмӣ доир ба омўзиши таърихи халқи тоҷик шинохта мешавад. Фаъолияти илмии ин ҷамъият дар ду шуъба ба роҳ монда шуд: а) физикию ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ; б) таъриху филология ва этнографӣ (мардумшиносӣ).
Ин ҷамъият нахустин ташкилоти илмии кишваршиносӣ дар доираи Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамон сол аъзоёни «Ҷамъият»
дар ҳамкорӣ бо Кумитаи осиёимиёнагӣ доир ба кори осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таъриху табиат (Средазкомстарис) экспедитсияи чормоҳа ташкил намуданд. Аз рўи нақша сайрхати омўзиши экспедитсия Ӯротеппа – Водии Зарафшон – Фалғар – Яғноб – силсилакўҳҳои Ҳисор – Ағбаи Анзоб – Душанбе – Қаротегин – Дарвоз – Помир – Ошро фаро мегирифт. Ба ин сафари дарозмуддати илмӣ М. С. Андреев роҳбарӣ мекард. Дар асоси маводҳои таърихиву мардумшиносии аъзоёни ин экспедитсия ҷамъоварда, чандин мақолаю маҷмўаҳои илмӣ таълиф шудаву ба чоп расидаанд. Дар тамоми давраи фаъолияти хеш (1925-1929) 4 экспедитсияҳои илмӣ, 14 тадқиқотҳои назаррас рўи чоп оварданд. Ин ҷамъияти илмӣ-кишваршиносӣ диққати олимони зиёди марказиро ба худ мекашид. Дар фаъолияти он намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шўравӣ дар Осиёи Миёна А. А.Знаменский, сайёҳи машҳур, кашфиётчии чандин қуллаю пиряхҳои Помир Н. Л. Корженевский, геолог И. И. Бездека ва В. В.
Бартолд, ки ба сифати аъзои фахрии ҷамъият интихоб шуда буд, бевосита ширкат доштанд.
Соли 1925 дар Душанбе филиали (шуъбаи) ҷамъияти номбурда таъсис ёфт, ки дар ташкили он М.С. Андреев бевосита ширкат дошт.
Шуъбаҳои дигари он дар Бухоро, Самарқанд ва Хоруғ фаъолият мекарданд. Дар заминаи «Ҷамъият» дар Тошканд соли 1928 Институти тоҷикии маориф (Тоҷикинпрос) таъсис ёфт. Чанде аз олимони ояндаи тоҷик ба доираҳои таълимию илмии он кашида шуданд.
Натиҷаи назаррастарини «Ҷамъият» барои тоҷикон дар ибтидои фаъолияти худ (соли 1925) тайёр намуда ва ба чоп расонидани маҷмўаи мақолаҳо бо унвони «Тоҷикистон»1 ҳисоб меёбад. Очерки таърихии В.В. Бартолд, «Тоҷикон», ки махсус барои ин маҷмўа таълиф шуда буд. бешак падидаи бузургтарини илмӣ дар таърихнигории ҷумҳурии мухтори навтаъсиси Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар он бо як фасоҳати борикбинонаи таҳлили воқеан илмӣ, таърихи мухтасари 24 асраи тоҷикон ғунҷонда шудааст.

1 Таджикистан. Сб. ст. Под редакцией Н.Л.Корженевского. -Ташкент,1925. -283 с.

пешина
аз 162
навбатӣ