Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ёдовар бояд шуд, ки дар ташаккул ва инкишофи илми таърихшиносии даврони шўравии тоҷик ва замони истиқлол саҳму хизмати бонувони муаррих, ки дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ кору фаъолият бурдаанд, хеле арзанда аст.
Бонувони муҳаққиқ дар пешрафти илму маориф, мактаби олӣ, фарҳанг, тарбия ва тайёр намудани кормандони илмӣ, омўзгорони донишгоҳҳои олӣ аз ҳисобӣ занони маҳаллӣ пешсаф, намунаи ибрат буданд ва дар ин ҷода саҳми беандозаи худро гузоштаанд.
Танҳо номбар намудани ному насаби зумрае аз бонувони бостоншинос, мавзўи тадқиқоти илмии онҳо кифоя аст, ки самту равия, вусъат ва саҳму хизмати шостаи онҳоро дар таҳқиқу омўзиши давраҳои гуногуни таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон аз замони бостон то даврони муосир тасаввур намоем.
Доир ба таърихи давраи бостон (археология), сиккашиносӣ (нумизматика), симошиносӣ (антропология), санъат ва меъмории замони қадим ва асримиёнагии тоҷик бонувони муҳаққиқ, аз қабили Е.
А. Давидович, Т. П. Кияткина, М. А. Бубнова, Т. В. Беляева, Е. Д.
Салтовская, А. Г. Амосова, Т. Филимонова ва дигарон тадқиқот бурдаанд [7,32].
Дар ташаккул ва инкишофи илми мардумшиносии (этнографияи) халқи тоҷик, таърихи санъати тоҷик ва шохаҳои гуногуни он саҳми мардумшиносон ва санъатшиносони номӣ – А. К. Писарчик, С. П.
Русайкина, Л. Ф. Моногарова, М. М. Қармишева, Т. Белинская, Э.
Гейзер, З. Тоҷикова, Г. Майдинова, Н. Юсупова, Е. Негматуллоева ва дигарон хеле бузург аст [7,81].
Таърихи даврони шўравӣ ва масъалаҳои гуногуни он дар тадқиқотҳои муаррихони шинохта К. А. Богомолова-Ғафурова (ҳамсари академик Бобоҷон Ғафуров), Л. П. Сечкина, З. М. Шевченко, Г. Каширина, З. Богуманова, В. М. Николаева, В. Дзидзиашвили, Ш. Данильченко, Неля Искандарова ва дигарон инъикос ёфтааст [7,22-24].
Равияи тадқиқотҳои таърихӣ-ҳизбӣ, таҳқиқу омўзиши таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва фаъолияти сарварии он дар самти инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, алоқа ва ғайра дар тадқиқотҳои В.М.Ионова, Б.Н.Гутнисткая, М.С.Шупикова ва дигарон мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифтааст [19,37,56].
Чи тавр, ки ишора гардид, дар таҳқиқу омўзиши таърихи давраи бостон ва асримиёнагии тоҷик саҳми бонувони бостоншинос хеле бузург аст.
Яке аз чунин муҳаққиқони шинохта бостоншинос, сиккашиноси маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор Е. А. Давидович (ҳамсари бостоншиноси номӣ, академик Б. А. Литвинский) мебошад. Е.

пешина
аз 162
навбатӣ