70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
З. БОБОЕВА (ЗОКИРОВА),
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
САҲМИ БОНУВОНИ МУАРРИХ ДАР ОМЎЗИШИ
БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ ТОҶИК
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати худ ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чунин таъкид намуданд: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихи миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони каҳрамониву диловарии гузаштагони худро омўзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем» [13,27].
Таърихи ташаккул ва рушду нумуи илми таърих ва таърихнигории воқеан илмӣ дар Тоҷикистон, таъсис ва инкишофи муассисаҳо ва марказҳои илмӣ, донишгоҳҳои олӣ, аз ҷумла таъсиси факултетҳои таърих, тарбия ва тайёр намудани муаррихони соҳибунвон дар ҷумҳурии мо ба даврони шўравӣ рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра дар Тоҷикистон бо кўмаку дастгирии марказҳои бузурги илмӣ ва донишгоҳҳои олии машҳури Иттиҳоди Шўравӣ-Маскав, Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Киев, Тошканд ва ғайра нахустин марказҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, тарбияи олимони соҳибунвон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ оғоз гардид ва минбаъд идома меёбад.
Ташаккул ва рушду нумуи илми таърихшиносии навини тоҷик, тайёр намудани муҳақиқони соҳибунвон, аз ҷумла, аз ҳисоби занон маҳсули даврони шўравӣ аст.
Бояд тазаккур дод, ки саҳму хизмати бонувони муаррих дар таҳқиқу омўзиши марҳилаҳои гуногуни таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон-даврони бостон, асрҳои миёна ва наву навтарин хеле назаррас аст.
Бонувони муаррих дар ҷодаи ташаккул ва рушду нумуи илми таърихшиносии тоҷик ва самту равияҳо ва давраҳои гуногуни он, аз ҷумла бостоншиносӣ (археология), сиккашиносӣ (нумизматика), қиёфашиносӣ (антропология), мардумшиносӣ (этнография), катибашиносӣ (эпиграфика), санадшиносӣ (дипломатика), маъхазшиносӣ, таърихи санъат ва меъморӣ, мактабу маориф, илму фарҳанг, саноат, кишоварзӣ ва ғайра саҳми бузург гузоштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё