ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
Харитаи сафари В.Л..Комаров ба Осиёи Миёна солҳои
1892,1893,1932. Дар он деҳаи Ворӯ ишора шудааст1
Маҷрои миёна ва поёнии дарёи Зарафшон нисбатан хуб омӯхта шудааст, зеро дар бораи ин минтақаҳо маълумоти кофӣ мавҷуд аст, ки қисми асосии он ба нимаи дуюми асрҳои VIII — XII, аз Х1Х- то оғози асри ХХ рост меояд.
Аммо, маълумот дар бораи минтақаҳои Зарафшони Боло камтар аст, ки ин аз мушкилгузар ва дастнорасии ин минтақа шаҳодат медиҳад. А.П.Федченко доир ба деҳаҳои Артуч, Зери Ҳисор, Ворӯ, Варзиканда, Ғусар ва қалъаи Киштутро маълумот медиҳад.2 В.Л.Комаров, яке аз бузургтарин муҳаққиқони олами набототи Осиё, дар
1 Бялт В. В., Бубырева В. А.Типовые образцы таксонов, описанных В.Л.
Комаровым в студенческие годы, хранящиеся в СПБГУ.// Вестник СПбГУ. Сер. 3. 2014. Вып. 4-С.89-107.
2 Федченко А.П. Ук.соч. - С. 159-160.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё