Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

хусусиятҳои фарқкунандаи гурӯҳҳои этникии аҳолии Болооби Зарафшон аз тарафи пажӯҳишгари рус А.П.
Федченко, бешубҳа, мероси фарҳангии миллати тоҷикро боз ҳам равшантар менамояд. Ин пажӯҳишгари рус яке аз аввалин олиме буд, ки доир ба дар шимолу ғарбии Самарқанд, дар кӯҳистони атрофи Болооби Зарафшон, мавҷуд будани як кишвари кӯҳӣ бо номи Когистон (Кӯҳистон, Бутан)-ро хабар додааст.1 Болообӣ Зарафшон аз ҷониби муҳақиқони соҳаҳои гуногун (таърихнигорон, мардумшиносон, муҳандисон, геодезистҳо, низомиён ва дигарон) таҳқиқ ва тавсиф гардидааст. Зарафшон дар асарҳои илмии муаллифони асри миёнагӣ ва ҳам адабиёти илмӣ яке аз объектҳои муҳимми таҳқиқоти илмӣ боқӣ мемонад.2 Асарҳои олимонро метавон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кард:
ба гурӯҳи якуми маъхазҳо ва асарҳои муаллифони асримиёнагии араб ва тоҷику форсизабонро метавон дохил кард. Ба гурӯҳи дуюм асарҳои муҳаққиқони пешазинқилобии Русия, яъне охири асри XIX ва аввали асри XX шомил мебошанд.
Маълумотҳои шарқшиносони охири асри Х1Х - аввали асри ХХ асосан хислати кишваршиносӣ, мардумшиносӣ ва лингвистиро соҳиб мебошанд. Аввалин маълумоти воқеӣ оид ба Болообӣ Зарафшон ба аъзоёни экспедитсияи Искандаркӯл тааллуқ дорад, ки водии Зарафшонро аз Панҷакент то деҳаи Палдорак дар болооби ноҳияи Мастчо,

1 Федченко А.П. Ук.соч. -С. 99−112.
2 Подробно историю изучения культуры Верховьев Зеравшана см:
Собиров Н.И. Изучение памятников истории и культуры Верхъовьев Зеравшна во второй половине Х1Х-первой половине ХХв.-Душанбе, 2014.; Валиев А. Этнографическое изучение таджиков Центральной Азии в Новейшее время.-Душанбе, 2018; Рахмонов Ш. Роль русского географического общества в географическом изучении производительных сил Зеравшанского региона.// Муаррих,2015, №4.-С. 136-139. и др.

пешина
аз 50
навбатӣ