ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
Аз пашми буз баъзе вақт, хурҷин мебофанд, ки барои кашондани тухмӣ ва хӯрокворӣ истифода мешаванд. Онро аз ду рахт - ду тахта бофта бо пупак оро медоданд, канорҳояш бо шерозаи сегонабоф ё термабоф оро медиҳанд. Халта бо нақшу нигорҳои гуногуни ороишӣ оро дода мешавад: расми чашмак дар шакли ромб, чеҳраи инсон – рӯй, шакли чоркунҷа, турна қатор – тӯдаи парандаҳо паси ҳамдигар парвоз мекунанд, ба шакли секунҷа ва дигар нақшҳо.
Аз риштаҳои дурушт дар Ворӯ матои рағза бофта мешавад. Мафҳуми рағза барои тамоми матоъҳои пашмии моҳутӣ истифода мешавад, ки вобаста ба рангҳо ё хусусиятҳои технологӣ номҳои иловагӣ гирифтаанд.1 Композитсияҳои гилем - қоқма дорои нақшҳои росткунҷа ва диагоналӣ мебошанд ва анвои рангҳои онҳо хеле маҳдуд буда, аз рангҳои сурх, кабуд, сафед, норанҷӣ иборат аст. Ороиши махсуси маҳаллии гилемҳо дар Ворӯ , онро ба анъанаҳои минтақаҳои дигари кӯҳистони Тоҷикистон наздик мекунад, метавонад табиати геометрии нақшҳои асосии он (ромб, давра, салиб, ова, каҷак, секунҷа, чоркунҷаҳои васлшаванда, росткунҷа, ҳашткунҷаҳои зинадор,) ки асосан дар худ қадимтарин нақшҳоеро, ки дар нақшҳои рӯи сангӣ, маводи бостонии асри биринҷӣ ва пеш аз ҳама дар ёдгориҳои Саразм мушоҳида шудаанд, нигоҳ медоранд. Аз ибтидо нақшҳои геометрӣ на ҳамчун ороиш, балки ҳамчун қисми таркибии маросимҳои қадима хидмат мекарданд.
1 Емельяненко Т. Г. Традиционные ткани у таджиков.// Таджики: история, культура, общество. /Составитель Р. Р. Рахимов, отв.ред. М. Е. Резван.- СПб, 2014.- С.347.http://www.kunstkamera.ru/lib/rubrikator/03/03_03/978-5- 88431-277-7/.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё