Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Ҳамон қадар хоксор ва якранг аст, нақши намадҳо. Дар деҳаи Ворӯ ҳунармандон рангҳои аслӣ, тоза ва табиии пашмро ҳамчун замина ва унсурҳои ороишӣ нигоҳ медоранд. Дар наматаи Фотима Гадоева, чун анъана, нақши сафед болои замини хокистарранг пурра намудор аст.
Нақшҳои рӯи намади ӯ дар шакли ромбҳо ва занҷира рамзи оғози зиндагӣ, ҳосилхезии заминҳои шудгоршуда ва кошташуда, эҳёи ҳаётро ифода мекунанд. Онҳо рамзи муҳофизат ва ҳузури қудратҳои олӣ мебошанд. Занҷираи ромбҳо, дарахти оилавиро ифода мекунад, ки, дар худ нақши муҳофизатиро дорост. Онҳо аксар вақт рамзи қадимаи роҳбарӣ ва ҷовидонаро дар нақши гирдоб, ки аз давраи неолит боқи мондааст, истифода мебаранд. Нақши четан, ҳамчун идеограммаи замини шудгор шуда, рамзи муҳофизатӣ, ромб, нишонаи оғози занон ва серрезӣ ва дигар нақшҳо хусусияти фарҳанги анъанавии минтақаро инъикос мекунанд. Ин рамзҳо дар осори Саразм низ мавҷуданд.
Маълум аст, ки М.Элиаде чунин мешуморид, ки элементҳои махсуси пайваст кунандаи табақаҳои муқаддас ва оддӣ иерофония (зуҳури муқаддас) ва рамз амал мекунад, ки бо ёрии онҳо муқаддас худро оддӣ намоиш медиҳад, ҳарчанд он ҳамзамон худ маҳдуд аст. Аммо, инсон танҳо дар маросим ба муқаддас мепайвандад.1 Барои гилем, қоқма дар деҳаи Ворӯ дастгоҳи бофандагии –дукон қадимаи рости борикро истифода мебарад, ки дар он соддатарин гилемҳои оддӣ бе патро мебофтанд, ки пораҳои борики гилем миёни ҳам дӯхта мешаванд. Сохти дастгоҳ оддӣ буда ба осонӣ тағир меёбад, зеро он аз ду шох ва як қатор тахтаҳои хурд иборат аст.
Дастгоҳи оддитарро тасаввур кардан душвор аст. Қолинҳои деҳаи Ворӯ аз қолинҳои бе пат, ки дар ин ҷо қоқма меноманд ва қолинҳои пашмии намата иборатанд .

1Цит.по О.К. Михельсон Феноменология религии и исследование ранних форм культуры . // Мировоззрение населения Южной Сибири и Центральной Азии в исторической ретроспективе. Сб. научных трудов. / под ред. П.К. Дашковского. – Барнаул, 2009. – Вып. III .-С. 105-11.1( 108).

пешина
аз 50
навбатӣ