Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Дар байни ҳунарҳои асосии Ворӯ қолинбофӣ фарқ мекунад, ки ин асосан ҳунари хонагии занона мебошад. Ҳама қолинбофони деҳаи Ворӯ, миёни онҳо Носирова Мовтюха (с.т.1959), Атоева Муътаббар (с.т.1966), Саломова Моҳбибӣ (с.т.1973), Гадоева Фотима (с. т. 1954) ва Ойша Раупова (1968) –ро бояд қайд кард, зеро онҳо ҳунармандоне мебошанд, ки як нафар ҳунари ресандагӣ, дӯзанда ва бофанда, қолинбофиро ӯҳда баро мебошанд.
Онҳо бо дастгоҳҳои бофандагии докон ё чилик ва урчуқ дар бомҳо нишаста, ки аслан манзараи зебои дар баландии тақрибан се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, эҷод мекарданд. Дар атрофи онҳо ҳамсоягон, фарзандон, сокинони деҳа ҷамъ шуда, кори ҳунармандро мушоҳида мекарданд ё маслиҳат медоданд. Кори инфиродии колинбоф дар чунин шароит хусусияти муайяни коллективиро касб мекунад ва маҳз дар муҳити маъмул таваллуд мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқи маъруф Л.А. Чвир, шаклҳои санъати халқӣ хусусяти муайян доранд: коллективизатсия, қонуният, худэҷодкунӣ, аммо маҳз дар миёни халқ, яъне. дар байни барандагони анъана эҷод мешавад. Дар айни замон, фарқи куллии санъати миллӣ аз санъатҳои дигар дар қадима будани он мебошад, “мансубият ба навъи фарҳанги ба шифоҳӣ бо шуури фолклорӣ.2 Аз ин ҷиҳат, тавлиди гилемҳо дар муҳити мушаххаси иҷтимоии деҳаи Ворӯ, бо тамоми ҷузъиёташ санъати халқӣ мебошад. Инчунин тарҳи маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ худ бо риояи нақшҳои муқаддас омода шудааст ва аз лаҳзаҳои эҷодкории

1 Aḥmad Tafażżolī, “DRAXT Ī ĀSŪRĪG,” Encyclopaedia Iranica, VII/5, pp.
547-549: http://www.iranicaonline.org/articles/draxti-asurig (accessed on 30 December 2012).
2 Чвырь Л.А. Размышления о народном искусстве (памяти О.А.
Сухаревой, 1903–1983) // Этнографическое обозрение.- Москва, 2013.- С.24.

пешина
аз 50
навбатӣ