Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Асбобҳои сохтаи ӯ бо нафосат ва мукаммалии шаклҳо, коркарди бодиққати сатҳи маҳсулот ва рангҳои гуногун фарқ мекунанд.
Техникаи дўстдоштаи ороишии дуредгар Ғаниев Ҳақбердӣ (с.т. 1959) истифодаи апликатсияи ранга аз варақаи зарҳалини бо гулҳои садбарг, навъҳои гуногуни бутта мебошад. Ин маҷмааҳои ороишӣ аксар вақт дар зери шишаҳо буда, бо кандакориҳои суфтакарда шуда, ҳошиябандӣ шудааст. Қисмҳои пеши сандуқҳои он бо варақи оҳанӣ пӯшонида шудаанд, ки дар болои онҳо нақши барҷастаи бисёррангаи садбаргҳо, ситораҳои сурх ва нақшҳои гуногун дар шакли мавҷ ва морпеч канда шудаанд.
Чунин маҳсулот ба андозае тӯҳфаи замон аст, имкон медиҳад, ки маҳсулоти оддиро бо техникаи кандакории рӯи коғази метали бо композитсияҳои гуногуни шишапӯш пурра намояд.
Ҷевони Х.Ғаниев бештар анъанавӣ ва ҷолиб аст.
Ороиши ҷевон ба се қисм тақсим шудааст, ки ду қисми он бо нақши ислимии бисёрбарга кандакорӣ гардидаааст, ки хоси ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон мебошад. Ҳамвории қисмҳои ҷевон ба воситаи чорчӯбаҳои контурии амудӣ ва уфуқӣ ба қисмҳо тақсим гардиданд. Ороиши болои ҷевон гуногунии мафҳуми композитсияи нақшҳоро ифода мекунад.
Эҳтиёҷоти аҳолӣ ба асбобҳои рӯзгор боис шуд, ки як қатор иншоотҳои мубрам ба монанди ҷувоз, осиёбҳо ва ғайраҳо созанд.1 Чун қоида, дар деҳаҳои баландкӯҳ як оҳангаре буд, ки ин ба деҳаи Ворӯ низ дахл дорад, дар онҷо оҳангари меросӣ Султоналӣ Довудов (с.т. 1952) фаъолият мекунад. Дар авлоди ӯ се насл ба ин касб машғул буданд ва ҳоло фарзандони ӯ нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Оҳангар асосан анъанавӣ бо кўфтани оҳан кор мекунад, ки яке аз усулҳои камхарҷи ба даст овардани маводҳо ба шумор меравад, бо усули

1 Назилов Д.А. Ук.соч -С. 27.

пешина
аз 50
навбатӣ