АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Шаклҳо ва сохторҳои махсуси ташкилӣ, аз ҷумла сохторҳои байналмилалӣ таъсис дода мешаванд, ки бо ёрии онҳо ва бо иштироки онҳо робитаҳои иқтисодии байни кишварҳо амалӣ карда мешаванд. Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар шароити муайян ва таҳти таъсири як қатор омилҳо ба вуҷуд меоянд ва инкишоф меебанд, онҳо дар шаклҳои гуногуни мушаххас ифода карда мешаванд, ки аҳамият ва таносуби онҳо дар ин ё он марҳила барои кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон яксон нестанд. Тамоми доираи ин масъалаҳо мавзӯи баррасии ин дастур мебошад.
Модули назарияи иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумо имкон медиҳад, ки дар фаҳмидани асосҳои назариявӣ, принсипҳои ташкил ва хусусиятҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, азхудкунии механизмҳои рушди онҳо, фаҳмидани шаклҳои мушаххас кӯмак расонад ва ба ин васила барои пешбурди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, қабули қарорҳои масъулиятнок ва муассир дар ин соҳа омода созад. Дониши зарурӣ дар ин соҳа талаботи ҳатмӣ ба мутахассиси салоҳиятдор мебошад.
Вазифаҳои курси "Назарияи иқтисоди ҷаҳонӣ"
омӯзиши асосҳои назариявии иқтисоди ҷаҳонӣ, принсипҳои асосии сохтор, равишҳо ва усулҳои таҳлили вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, мушкилоти глобалӣ ва дурнамои рушди он, инчунин хусусиятҳои низомҳои иқтисодии кишварҳо мебошад.
Бо сабаби мураккабии фан ва ҳаҷми нисбатан ками соатҳое, ки барои азхудкунии ин модул бо нақшаи таълимӣ ҷудо карда мешаванд, ин дастур ба омӯзиши тамоми ҷанбаҳо ва мушкилоти рушди низоми иқтисодии ҷаҳонӣ равона карда нашудааст. Онҳо бештар барои омодагӣ ба омӯзиши хусусиятҳои муҳимтарини назарияҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалии муосир пешбинӣ шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё