Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муқаддима
Фанни "Иқтисоди ҷаҳон" донишҳои асосӣ ва малакаҳои касбии донишҷӯёнро дар самтҳои иқтисодӣ ташаккул медиҳад.
Дастури таълимӣ оид ба модули Назарияи иқтисоди ҷаҳонии ин фан тибқи стандарти давлатии таълимӣ оид ба фан, талабот ба дастурҳои таълимӣ таҳия шудааст ва натиҷаҳои коркардҳои муосири илмиро оид ба ин масъала инъикос мекунад. Он барои омӯзгорони курси "Иқтисоди ҷаҳон", “Назарияи иқтисод” ва муҳассилини ихтисоси "Иқтисодиёти ҷаҳонӣ" пешбинӣ шудааст.
Донишҷӯён бояд дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷии давлат ва фаъолият дар ин самт ва аҳамияти рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бо дигар давлатҳо ва барои рушди минбаъдаи самараноки иқтисодиёт, некӯаҳволии халқҳо, кишвар ва фароҳам овардани муҳити мусоид фаҳмиши кофӣ ва амиқ дошта бошанд.
Моҳияти ин дастур назарияи иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Онҳо низоми робитаҳои гуногуни хоҷагидорӣ (илмӣ-техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, асъорӣ-молиявӣ ва қарзӣ-пулӣ) - и иқтисодиёти миллии кишварҳои гуногунро дар бар мегиранд, ки ба тақсимоти байналмилалии меҳнат асос ёфтаанд. Ин соҳаи фаъолияти иқтисодӣ бо қонуниятҳои умумии рушди хоҷагидорӣ муайян карда мешавад, аммо як қатор хусусиятҳои муҳим дорад. Пеш аз ҳама, дар ин ҳолат муносибатҳои иқтисодӣ фазои назаррасро аз ҳудуди миллӣ фаро мегиранд. Дуюм, онҳо захираҳои иловагӣ ва ҳаҷмро дар бар мегиранд. Сеюм, интиқоли захираҳо, омилҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои он дар миқёси байналмилалӣ, берун аз кишварҳои алоҳида сурат мегирад. Чорум, дар ин соҳа механизмҳо ва воситаҳои махсус (асъорӣ, гумрукӣ ва ғайра) амал мекунанд, ки чунин робитаҳои хоҷагии ҷаҳонро таъмин мекунанд.

пешина
аз 142
навбатӣ