Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бо назардошти беқурбшавии доллар дар ин муддат 2,2 маротиба, барқарорсозии содирот дар ҳарду кишвар воқеан дар солҳои 50-ум рух дод.
Давраи солҳои 50-70-ум замоне буд, ки гурӯҳҳои ҳамгироӣ ба вуҷуд омаданд, раванди фаромилликунонӣ босуръат идома дошт ва дар ин замина байни кишварҳо дониш (технология), қобилияти соҳибкорӣ ва сармояи соҳибкорӣ фаъолона ҳаракат мекарданд, бозори ҷаҳонии сармояи қарзӣ барқарор шуд ва вақте буд, ки кишварҳои сотсиалистӣ ва рӯ ба инкишоф ба нақши махсуси худ дар хоҷагии ҷаҳонӣ даъво мекарданд.
Давраи солҳои 80-ум то замони ҳозира пеш аз ҳама бо он тавсиф мешавад, ки барои кишварҳои пешрафта он давраи гузариш ба давраи постиндустриалӣ, барои бисёр кишварҳои ақибмонда — фаъолона бартараф кардани ақибмонии иқтисодии худ (Чин ва кишварҳои нави саноатӣ), барои кишварҳои собиқи сотсиалистӣ — бозгашт ба иқтисоди бозорӣ, барои ҳамаи кишварҳо — либерализатсияи ҳаёти иқтисодии дохилӣ ва хориҷӣ ва ҷаҳонишавии он гардид.

1.2. Сабабҳои рушди муносибатҳои иқтисодии
байналмилалӣ
Сабаби асосии пайдоиш ва рушди муносибатҳои
иқтисодии байналмилалӣ ин фарқиятҳо дар таъминоти
кишварҳо бо омилҳои истеҳсолот (захираҳои иқтисодӣ)
мебошад, ки аз як тараф ба тақсимоти байналмилалии меҳнат ва аз тарафи дигар ба ҳаракати ин омилҳо байни кишварҳо оварда мерасонад.

пешина
аз 142
навбатӣ