Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Намедонист коре он дилафрўз
Ба ҷуз байту ғазал гуфтан шабу рўз,
Равон мегуфт шеъру мефиристод,
Чунин дар шеър гуфтан гашт устод.

Рўзе дар даҳлез дилдодагони дилкабоб дучор омаданд ва Яктош домани дилбар гирифт. «Духтар барошуфт», ки «маро дар сина коре уфтодаст, валекин аз ту он корам кушода-ст, ки ту ин корро бошӣ баҳона» ва таънааш кард, ки «ба шаҳватбозӣ афтодӣ аз ин кор!».
Дар ин ҷо шайх Аттор шарҳи ишқи Робиаро аз Абўсаиди Абулхайр мепурсад ва посух мегирад, ки «надошт он шеър бо махлуқ коре, ки ўро буд бо Ҳақ рўзгоре!».
Баъдан мулоқоти Робиа бо Рўдакӣ ва камолоти шоираву ҳайрати Одамушшуаро ба қалам дода мешавад.
Дар ин миён душманон ба Балх ҳуҷум меоранд ва бо мадади шоҳи Бухоро пирўзӣ насиби Ҳорис мегардад. Ва дар набарде Яктоши анқариб асирафтодаро гурддухтари ниқобпўше наҷот медиҳад, ки ишора ба Робиа аст.
Боре шоҳи Бухоро ҷашне орост ва Ҳорис низ, ки ба расми миннатдорӣ барои ёриаш назди ў омада буд, дар он ширкат меварзид. Рўдакӣ, ноогоҳ аз ин ва «масти шеъру масти май», шеърҳои Робиаро мехонад ва аз рози ишқи ў сухан меронад:

Зи Ҳорис Рўдакӣ огоҳ кай буд,
Ки ў худ масти шеъру масти май буд,
Зи сармастӣ забон бикшод он гоҳ,
Ки «Шеъри духтари Каъб аст, эй шоҳ,
Ба сад дил ошиқ аст ў бар ғуломе,
Дарафтодаст чун мурғе ба доме,
Замоне хурдану хуфтан надонад,
Ба ҷуз байту ғазал гуфтан надонад».

пешина
аз 323
навбатӣ