Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Нуктаи муҳимми дигар дар мақола таваҷҷуҳи амиқ ба забони шеър ва бад-ин восита назаре ба масъалаи меъёри забони умумии форсист. Муаллиф барҳақ зикр карда, ки «…мо, форсизабонон, бояд як забони меъёри муштарак дошта бошем ва дар корбасти дақиқу дурусти вожаҳои забони форсӣ бештар бикўшем». Тарҷеҳи калимоте, ки маҳсули «зеҳни таркибсози» тоҷикон (ибораи Алиризои Қазва) аст, аз қабили «лабчанг, таҳхона, дуҷон, чархбол, вартоҷ, байтбарак, шохнам, гулмоҳӣ» бар «сози даҳанӣ, зерзамин, ҳомила, ҳелекубтар, гули офтобгардон, мушоира, борони зудгузар, моҳии қизилало», ки дар Эрон мегўянд, бозгўйи завқи гўёи суханшиносии муаллифи мақола аст ва, умед ҳаст, ки аз ҷониби соҳибзавқони диёраш низ гарм истиқбол меёбад ва баҳри аз калимоти ноб саршортар шудани забони муштаракамон хидмате арзанда мекунад.
Ҳамзамон муаллиф истифодаи калимаву истилоҳи зиёдеро номақбул медонад ва ҳамоно ҳадшиносона узр пеш меорад, ки «манзур ва мақсади ман рад кардани ҳеҷ вожае нест ва намегўям чаро тоҷикон аз фалон калима истифода мекунанду чаро фалон калимаро фаромўш кардаанд?.. Аммо ин ҳақро дорам, ки ба азизони дар Фарҳангистони забони форсӣ ва тоҷикӣ тавсия кунам, ки тамоми ин вожаҳоро бодиққат мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва ба мабнои беҳгузинии вожаҳо дар ихтиёри алоқамандон қарор диҳанд».
Хуллас, ба андешаи зиёде вомедорад мақолаи Алиризои Қазва «Хуршедҳои гумшуда». Ва муҳимтаринаш, ба гумони мо, он аст, ки бояд пайи пайванди бештару вазъи беҳтари ҳунару фарҳангамон бошем, аз таъриф (барҷо ҳам бошад) беш наболему эродҳои барҷоро (ҳарчанд талх ҳам бошанд, зеро «дўст мегўяд табарвор») таҳаммул бикунем ва қазоватҳои мутлақро бар уҳдаи доваре бузургтар – гузашти айём вобигузорем.

1999

пешина
аз 323
навбатӣ