МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
НОМ – НИМИ ҲУСН
Ҳуснофаринӣ яке аз хислатҳои азалии Инсон аст. Ў натанҳо ҳусни зоҳирӣ эҷод мекунад ва баҳри афзудани зебоии ашё мекўшад, балки бо ранҷи пурганҷ баҳри зебоиҳои малмуси офаридааш вожаҳои гўшнавозу дилнишине ҳам месозад.
Ҳамин аст, ки номҳои хушрўйи шаҳру деҳ, кўҳу дарё, кўю барзан, исмҳои зебои мардону занон умри чандинасра, баъзан ҳазоронсолаи таърихӣ доранду дар дилу ҷони мардум нишастаанд, бо табдили сохтҳову сиёсатҳо ва ҳокимону давлатҳо тағйир наёфта, кохи бегазанди завқи волои мардум ва як барангезандаи ифтихори солим будаанд ва наслҳои навинро ба ин амали шоиста талқину раҳнамоӣ кардаанд.
Таърих аз номҳо иборат аст ва номҳоянд, ки таърихро зиндаву гўё нигоҳ медоранд. Дар айни замон номҳо, бахусус номҳои форсии тоҷикӣ, нишонаи равшани густариши миллату давлат ва забону фарҳанги моянд ва имрўз, албатта, бе даъвою дағои нозаруру бесуд, бояд ин нуктаро дарк ва бо он ифтихор бикунем. Магар шоистаи ифтихори солим нест, ки ҳазор сол пеш ва ҳазорон фарсанг дур аз диёри имрўзаамон забони нобтарини форсии тоҷикӣ дар китобҳои ашъору рисолаҳои афкор чун муҳри абадият дарҷ шуда буду дар он дуриҳои дуру начандон дур, ки имрўз сарзаминҳои халқу забонҳои дигаранд, номҳои фаровони ашхосу маҳалҳо то ҳол бо ин забон садо медиҳанд?
Оё мо имрўз шоистаи он табъу завқ номҳо мегузорем?
Ба он ганҷинаи беназир чиҳо афзудаем? Чӣ бояд кард, ки унвонҳои гўшаву канори кишвар ифодакунандаи моҳияти хеш ва дар айни ҳол хушоҳангу дилрас бошанду номҳои аҳли диёр – инъикосгари табъи баланди номгузорону афзунии ҳусни Инсон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё