МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ва боз:
Хатат қут аз он лаъли хандон кашид,
Хизр чошнӣ з-оби ҳайвон кашид.
(1, 427)
Боз:
Ишқе, ки баровард сар аз ҷайб,
Аз мард ҳунар бувад, зи зан айб.
(5, 331)
Ва боз:
Ба рўҳ пардаи шармсорӣ нарафт…
(5, 382)
Ба гумони мо, барғалатии байтҳои боло чун рўз рўшан аст ва асли калимоти зикршударо барқарор кардан (мутаносибан – нахустгавҳар, наем («мо» худ ба ин далолат мекунад!), натвон, Хизир, бароварад, рў) кашфи Амрико ҳам нахоҳад шуд.
Ҳоло бубинем, ки риоя нашудани қофия низ ҷуз ба ғалатҳо намеорад:
Биҳиштпайкаре, к-аз ғояти лутф Сипоҳи некувонро буд сархел.
Сар омад ҳусни ўву дўзахӣ шуд, Фаағшо ваҷҳуҳу қатъан миналлайл.
(2, 535)
Хуш ба ҳоли гўше, ки беоҳангии ин пораро нашнида!
Вагарна шакли дигари калимаи «хел» – «хайл»-ро ба ёд овардан кофист, ки қитъа хушоҳанг бишаваду саҳв бартараф. («Биҳиштпайкаре» ҳатман «Биҳиштипайкаре»-ст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё