МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Яқин аст, ки шаклҳои навишти ин калимаҳо (нишонанишон, зарбофт-зарбафт) батамом гуногун аст ва ҳангоми баргардондан аз ҳам фарқашон накардан ҳеҷ мумкин нест.
Ё шояд дар матни асл (оне, ки зери дасти мураттиб будааст) хато рафта. Лекин тааҷҷуб аз дигар боис аст: магар мураттиб ё нашриёт ҳақ надоранд, ки дар нашрҳои оммавӣ чунин ғалатҳои маҳзро ислоҳ бикунанд? Ё қонуни ислоҳнопазирии матни классикӣ, ки хоси нашрҳои илмист, дар ин ҳолат ҳам равост? Дар чунин мавридҳо роҳи сеюм нест – ё ғалати маҳзро ислоҳ мекунем ё иштибоҳи замоне рухдодаро аз нашр ба нашру аз хотир ба хотир мебарем.
Дар мавриди дигар ҳаками ягонаву қатъи ҳукми бехалалии асли матн вазни шеър хоҳад буд. Яъне, вазни арўзро дарку риоя кардан худ беҳтарин роҳи беғалат овардани матн аст. Вагарна дар ин ҳолат ҳам шаклҳои гуногуни навишти калимаҳо иштибоҳҳои пайиҳам меорад. Чунон ки дар мавридҳои зерин рух дода:
Нахустгуҳар аз он баҳр шоҳи бастомист,
Ки қутби зиндадилону худошиносон аст.
(1, 226)
Ё худ:
Холӣ наям аз ту сабоҳу равоҳ ҳам,
Эй ҳам сабоҳи мо зи ту фархунда, ҳам равоҳ!
(1, 328)
Ва боз:
Аз мўйи миёни ту ҷудо баски кашам ранҷ,
Натавон тани ранҷури ман аз мўй ҷудо кард.
(1, 357)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё