МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ногуни навишти калимот бошад. Ин ҳолат, махсусан, дар кўчондани ашъор муҳим аст ва танҳо риояи он кафили аз шикасти рукнҳои шеър – вазн, қофия, мантиқу таносуб гурез ҷустан хоҳад буд. Дар акси ҳол ё вазнро мешиканем ё қофияро, ё мантиқро халал медиҳем, ё таносубро ва асли матн номанзур мемонад, чунон ки мисолҳояшро дидем.
Он миқраъазан ба кўси даъвӣ
В-ин ҷилвадеҳи арўси маънӣ.
Агар наср мебуд, таҳиягари матн ҳақ дошт, ки калимаҳои «даъвӣ» ва «маънӣ»-ро ба ин шаклҳояшон бихонад ва дучори эроде нашавад. Лекин, чун бо назм кор дорад ва дар ин ҷо ҷуз зоҳири калимаҳо ва маъно боз унсурҳои шеър, дар ин маврид қофияро риоя кардан ҳатмист, бояд шаклҳои дигари хондани вожаҳои мазкурро ба назар мегирифт. Яъне, азбаски «даъвӣ» ва «маънӣ» натанҳо қофия намешаванд, балки хушоҳангии суханро низ халал медиҳанд, бояд шаклҳои ҳамчунин маъмули онҳо – «даъво» ва «маъно»-ро меовард.
Вале ҳолати дигар ҳам бисёр рух медиҳад: калимаҳое, ки шакли хонданашон яқину ягона аст, низ боиси харобии рукнҳои шеър шудаанд. Масалан, ин ду байтро бубинем:
Халилайя лоҳат лано дуру Салмо,
Нишонаҳои Салмо шуд аз дур пайдо.
(1, 91)
Ва ё:
Ту шоҳию мо ургадоем, чи нисбат Бо атласи зарбофти ту пашминаи моро?
(1, 147)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё