МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
ин масоил гирд овардан ва ҳатталимкон чеҳраи аслии каломи шоирро намудан бештар нест.
Қаблан бигўем, ки ҳарчанд ғалатҳо гуногунанд, сабаби асосӣ ҳамоно якест – матни классикӣ ҳамаҷониба мавриди андеша қарор нагирифта, боиси иштибоҳоти мухталиф шудааст. Бигирем, дар ин пора:
Туршрў бош бо бадхў, на ширинлаб, ки сафроӣ Беҳ аз себи сафоҳонӣ бувад норинҷи ғелонаш.
Ҳанўз озори мардумхўи ту ногашта, з-он бигсил, Чу бехи хор маҳкам гашт, натвон кандан осонаш.
(ҷилди 1, саҳ.30)
Ё худ:
З-ин гуфта қасди ман на адои санои ўст,
Бар офтоб шабпаракро кай ҳади саност?
(1, 45)
Таҳиягари матн дар ин ду ҳолат шаклҳои бештар маъмули калимаҳои мазкурро манзур намуда, вазни шеърро сарфи назар кардааст. Ин ду калима бояд ба шакли «турушрў» ва «шабпараро», калимаи мураккаби «мардумхў» дар шакли ҷудо («мардум хў»), ки тақозои мазмуни мисраъ аст, биёянд.
Дар байти зерин ҳам айни ҳолати фавқ рух додааст:
Киштии ақлу ваҳм бишикастем,
Ғўта дар баҳри бекарона задем.
(1, 62)
Танҳо риояи вазн кофист, ки шакли дилхоҳи калима – «бишкастем» барқарор бишавад.
Як рукни матншиносии классикии мо мавриди ба хати имрўз баргардонидан бояд назардошти шаклҳои гу-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё