Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Дар рубоие мехонем:

То чанд ғуломи куҳна ё нав бошам?
Дар кашмакаши канизу бону бошам?
(2, 559)

Ҳолати мураккабтарест ин ҷо. Хати арабӣ бошад, равон қофия карда мехониву ҷон халос, на қофия вайрон мешавад, на савтиёт. Дар хати кириллӣ чӣ? Чун риояи қофия шарт аст, ҳамоҳанги «бону» «ё ну» навишта, шарҳ додан мақбул менамояд.
Дар мавриди ғазали саҳифаи 231 ҳаминро мегўем, ки «таҷаллист», «даъвист», «тўбист», «авлист», «Исист», «тасаллист», «Лайлист», «сўфист» қофия нестанд, аз ин рў, ҳангоми баргардон бояд шаклҳои дигари ин калимаҳо («таҷаллост», «даъвост», «тўбост», «авлост», «Исост», «тасаллост», «Лайлост», «сўфост») корбаст мешуданд. Ба хатти форсии тоҷикӣ ҳар ду шакл навишти ягона доранд, лекин, табиист, ки дар чунин мавридҳо ба шакли дуюм талаффуз мешаванд.
Гурўҳи дигари ғалатҳо (воқеан, натанҳо дар китобҳои мавриди тақриз) ба истифодаи барҷои пайвандаки «-у»
(вов) ва аломати вергул марбут аст. Чунон ки маълум аст, пайвандаки «вов» дар алифбои форсӣ чанд вазифа дорад.
Аз он ҷумла, яке ҳамвазни пайвандаки «-у», дигаре ифодагари аломати вергул аст, ки вобаста ба мазмуну мантиқ корбаст мешавад. Вале аксари омодакунандагони матн аз вазифаҳои гуногуни он сарфи назар мекунанд, якеро ба ҷойи дигаре меоранд ва вазну қофия, гоҳо таносубу мантиқи шеърро халалдор месозанд. Масалан:

Дар ҷомахона раҳ мадеҳ онро, ки меканад Аз мурдашўй пираҳану аз мурдагон кафан.
(1,55)

пешина
аз 323
навбатӣ