МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Боз дар чанд байт вазну қофия вайрон шудааст:
Золимона шод шуд з-он кори бад,
К-оташ андар хок хомўш мешавад.
Паҳлавони зиндааст оламписанд,
Мурдаро мардум фаромўш мекунанд.
Эй Ленин, эй зинда, не; эй зиндагӣ!
Меравад аз ёди кас кай зиндагӣ!
Ҷойи зикр аст, ки дар шеъри тоҷикӣ, шеъре, ки бо ҳуруфи русӣ менависем, аксаран пайванди калимаи қаблии бо ҳамсадо поёнёфта бо калимаи баъдии бо «ъайн» саршуда риоя намешавад. Ҳарчанд ки устод Лоҳутӣ ба хати русӣ наменавишт ва суннатҳои шеърро риоя мекард, дар мисоли дуюм ин ҳолат ба назар расид. Сониян, хуб мебуд, ки шаклҳои ба ин мавридҳо мувофиқи калимаҳои зикршудаи байтҳои боло – хомуш, фаромуш, ай оварда шавад.
Чунон ки дар ин пораи манзумаи «Паҳлавон Оштӣ» (2; 316) ба тақозои қофия бояд шакли дигари ҳиссачаи инкории «не» – «най» меомад:
Паҳлавон Оштӣ барин, ки ба вай
Ошноро супурда модар, не –
Балки Модар-Ватан зи шарри адў
Худи худро супурдааст ба ту.
Ҳамчунин, дар ин байт, ба тақозои услуби ношикастании назм, агар вов «ва» не, балки «ву» хонда мешуд, беҳтар буд:
Дар чунон ҷой (,) ки ҳатто дар хоб
Кас надидаст ба ҷуз мо ва уқоб…
Дар манзумаи машҳури «Се қатра» (2; 211) ин мисраъҳоро мехонем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё