МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Чун сияҳқатра ин сухан бишунуфт,
Баъди тасдиқи ҳарду даъвӣ гуфт…
Гумон меравад, ки «баъди» не, бояд «баҳри» бошад.
Зеро «тасдиқи ҳарду даъвӣ» дар мисраъҳои баъдина меояд:
Ин сухан комилан дуруст бувад,
Мункирашро ақида суст бувад…
Дар мисраъҳои зерини «Достони Мардистон» (2; 301) низ асли матн осеб дидааст:
Дарди дилҳо барои шў мекард,
Гўё ки бо зинда гуфтугў мекард.
Аз лиҳози вазн шакли маҷмўаи «Мо коргарзодагонем»
(Нашриёти «Маориф», 1976) саҳеҳтар аст:
Дарди дилҳо барои шў мекард,
Гў ки бо зинда гуфтугў мекард.
Ба фикри мо, аз ҳар ду «гўй» беҳтар аст ва вазну савтиёт ҳам инро далолат мекунанд.
Сабаби хароб шудани вазну мантиқи ин байти ғазали
«Гул ар ки нест, чи ғам?..» (1; 60) низ шояд нодуруст ба хати кирилӣ кўчондан бошад:
Набошад ар ба канорам нигори ман, зи фироқаш
Канору домане аз хуни дили фигор, ки дорам.
Байтро ба хати форсӣ баргардонда, бо диққат бихонем, аслашро дармеёбем:
Набошад ар ба канорам нигори ман, зи фироқаш
Канору домане – аз хун, дили фигор, ки дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё