Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Дарёфтани асли матн бошад, кори муҳаққиқон аст, ки зимни муқобилаю муқоисаи ҷиддӣ ба даст меояд.
Чунон ки низ дар ин мисраъ:

Имшаб андар хонаам шамъи қади ҷонона нест…

Ташбеҳи «шамъи қад» таҳаммул мешавад, вале бо басе шубҳаю гумон. Агар устод аз ташбеҳи маъмул (шамъи рух) гурез ҷуста бошад, шояд, лекин боз ҳам шубҳае сар мезанаду мисраи «Чун шамъ рухаш, дил ҳам парвонаи машҳурест» ба ёд меояд…
Ҳангоми баргардонидани хат вазни ин мисраи шеъри «Азиз Москва» (2; 79) низ халалдор шудааст:

Як замон рафтам ба пойтахти фаранг…

Давоми шеър ҳам аз саҳв холӣ нест:

Бо дуто ҳарфе «агар» Порижро
Метавон дар тухми мурғе дод ҷо.

Чи ҷойи шубҳа, ки «ҳарфе» аслан «ҳарфи» ва манзури мисраъ «дуто ҳарфи «агар» аст ва ин дуто «агар» дар идомаи мисраъҳои боло зикр шуда:

Шаҳр агар ногаҳ шавад он қадр хурд,
Ки тавон дар дохили тухмеш бурд;
Тухм агар бо муъҷиза гардад калон,
Он қадар, к-ин шаҳр ҷо гирад дар он.

Воқеан, Фаранг – номи мамлакат дар чанд нашри охир, барои чи бошад, ки бо ҳарфи хурд сабт мешавад.
Ҳамчунон ки Русӣ (Русия), ба ҳарфи хурд омада (2; 80), ибораи номақбули «дасти русӣ» сохтааст.

пешина
аз 323
навбатӣ