МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ва:
Чу асп аз ташнагӣ мезад фарёд,
Зи чоҳи нақши пояш об медод.
Дар мавриди ташхиси байти аввал баробари вазн маводди байт ва таносуби сухан ба имдод мерасанд. Ғарази шоир тамаъ надоштанаш ба «зари сафед» аст, ки дар мисраи якум зикр шудааст. Пас, он чи ки ў дорад, бояд дар мисраи сонӣ зикр бишавад: «Зи хуни дил зари сурх аст дар хизонаи чашм». Зимни баъзе мулоҳизаҳо ибораи «зари сурх»-ро метавон бо «ҳама сурх» иваз намуд. Яъне, «зари сафед кай ба чашмам биёяд, ки аз хуни дил ҳама (зари ман) сурх аст».
Оид ба байти дуюм ҳаминро бояд гуфт, ки калимаи «мезад» дар он саҳван ба ҷойи «мекард» омадааст ва, агар ин калимаро барқарор кунем, вазн ҳам бехалал хоҳад шуд.
Чанд хатои дигар сабаби ҳангоми ба хати кирилӣ баргардондани матн сарфи назар гаштани мазмун шудааст.
Воқеан, дар ин ҳолатҳо вазн ҳам халал ёфта. Бигирем ин байтро:
Дидем беғубор хати оинаи рухат,
Дар дарси ишқ ҳошияхонӣ намекунем.
Агар лаҳзае тааммул бикунем, бешубҳа аён хоҳад шуд, ки таркиби «хати оинаи рухро беғубор дидан» маънӣ надорад ва «беғубор» на ба «хат», балки ба «оина», дар айни ҳол ба «оинаи рух», мутааллиқ аст. Оре, «беғубор» ба «хат» дахл надорад, зеро «хат» худ «ғуборе»-ст дар «оинаи рух». Пас, он дар «оинаи рух» номатлуб аст ва шоир мехоҳад «оинаи рух»-ро бе «хат» бубинад. Бино бар ин мулоҳизот, мисраъ чунин шакл мегирад:
Дидем бе ғубори хат оинаи рухат…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё