Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

мисраи аввали байти зерин акси ҳолати боло рух дода.
Яъне, «набуд» бояд «набувад» навишта мешуд:

Ба ғайри хоби парешону доғи дил набуд
Нишони холи сиёҳи туву аломати зулф.

Чанд саҳви дигарро сабаб ё бедиққатии мураттиби китоби мазкур аст ё тасҳифкории котибоне, ки девони шоирро нусхабардорӣ кардаанд. Масалан, дар ин байт:

Он чи мехостанд мардум аз дили мо ёфтанд,
Кас намедонист охир ганҷ дар вайрона буд

Вазни мисраи аввал халал ёфтааст. Ба тахмин шакли бесактааш, бо риояи аломатҳои китобат, бояд ин хел бошад:

Он чи меҷустанд мардум, аз дили мо ёфтанд,
Кас намедонист, охир: ганҷ дар вайрона буд!

Боз:

Гарчи киштии ман аз мавҷи ҳаводис шикаст,
Нохудоро чи кунам ёди худое дорам.

Бебаҳс аст, ки ҳиҷои охири «ҳаводис» кашида намешавад. Дар ин асос, азбаски нусхаҳои девони шоирро дар даст надорем, боз ҳам метавон тахмин кард, ки «шикаст»
аслан «бишикаст» ва ё «бишкаст» будааст.
Дар ин байтҳо ҳам асари бедиққатӣ аён аст:

Зари сафед кай ояд ба чашми ман, ки маро
Зи хуни дил сурх аст дар хизонаи чашм

пешина
аз 323
навбатӣ