МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
рукнҳои асосии шеър – вазн боиси хато рўбардор шудани матн гардидааст. Сониян, хатоҳое, ки бинобар сарфи назари мураттибу муҳаррир шудани мантиқу таносуби сухан сар задаанд.
Сараввал ғалатҳои гурўҳи якумро мебинем.
Моро ҳумои маънии худ дар назар набаст,
Аз шавқи сайд кас набурд чашми доми мо.
Каси аз зарбу оҳанги шеъри тоҷикӣ саҳле бохабар бе ягон душворӣ дармеёбад, ки «набурд» ба тақозои вазн бояд «набарад» бошад. Мураттибу муҳаррирро шакли ягонаи навишти ин калимаҳо ва сарфи назар намудани мазмуну таносуб фирефтааст.
Ё худ, дар ин байт:
Ин бехабарони қаъри дарё
Донанд худоӣ нохудоро.
Ҳам ба тақозои вазн ва ҳам мантиқи ҷумла «худоӣ»
«худой» аст ва низ шакли ягонаи навишти ин ду калима ба ҳуруфи форсӣ боиси саҳв шуда.
Ҳарчанд бувад мўйи сари шишаҳо сафед,
Фонӣ расид, аз маи нобаш хизоб кард.
Дар мисраи аввал сакта равшан аст. Каси аз вазни шеър ноогоҳ низ дарк мекунад, ки дар ин ҷумлаи мураккаб ду замон зикр шуда. Аз рўйи ҳамин ва бо риояи вазн метавон асли мисраъро дарёфт:
Ҳарчанд буд мўйи сари шишаҳо сафед.
Бояд гуфт, ки шакли ягонаи навишти калимаҳо, аз
ҷумла буд ва бувад, боз ҳам боиси ғалатҳое шудааст. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё