Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Мисраи якумро равон мехонему қабул медорем, вале дар мисраи дуюм батамом дармемонем. Мазмун ҳосил намешавад, мантиқе нест. «Ин гуноҳ… аз мо нест» - мегўяд шоир. Пас аз кист? Ба ин савол ҷавоб ҷуста, пай бурдан душвор нест, ки «ин гуноҳ» бояд аз таркиби вайрони «бахт ба даст» бошад. Ягона роҳ мемонад, ки аз ҳуруфи асл бихонем:

Ин гуноҳ аз қибали бахти бад аст, аз мо нест.

Шеъри классикии мо натанҳо кони сухан ва маъниву образҳои бемисл, балки саршори тасвирҳои зебо ва барангезандаи тасаввуроти волост. Бубинем дар ин байт:

Хоҳанд шудан сайди ту аз моҳ ба моҳе,
К-аз оразу зулфи ту басе шаст дар об аст.

Байтро ҷузъ-ҷузъ мавриди андеша қарор медиҳем:
сайд, моҳ, боз моҳ, ораз, зулф, шаст, об. Пеш аз ҳама суоле ба миён меояд: барои чӣ ду бор «моҳ» зикр шуда?
Барои ба ин суол ҷавоб ёфтан ба олами шеър ворид мешавем: гулбоғеро тасаввур мекунем ва дар моварояш сарҳавзеро; моҳрухсореро бармало мебинем, ки бар канори он нишаста; маҳтобшаб аст ва акси моҳ бар ҳавз афтода; акси орази моҳрухсор моҳи дигарест аз дили ҳавз нурафшон; зулфон бар баногўши ў чангак зада ва акси он дар об ба сурати чангаки шаст намоён…
Байтро такрор мекунем: ҳама мутаносиб ва барҷост. Ба ҷуз «моҳе», ки такрораш зарурате надорад ва ба ҷузъи дигаре мутаносибу часпон нест. Беихтиёр ифодаҳои бекаронию номаҳдудӣ ба хотир мерасанд: аз замин то само, аз остон то осмон, аз само то самак… Чӣ ҷойи шак, ки ифодаи байти боло «аз моҳ ба моҳӣ» аст. Он гоҳ моҳ ба шасти ораз меафтаду моҳӣ ба шасти зулф ва воқеан об ҳам мутаносиб мешавад, зеро акси моҳ ҳам дар об афтодаву моҳӣ ҳам.

пешина
аз 323
навбатӣ