МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Дар байти поён акси ин ҳолро мебинем. Яъне, ба ҷойи бандакҷонишини шахси дуюми танҳо – «-ӣ» артикли номуайянӣ омада, маъниро мавҳум кардааст:
Ту ояте аз раҳмату бар рўйи ту он зулф
Ҳамчун пари товус нишон бар сари оят.
Бо ин пора низ, ки байти дуюмаш мазмунан мушобеҳи мисраъҳои болоист, чунин ҳолат рух дода:
Ту ризвони нўшинлабиву шароб
Зи дасти ту ҳар қатраи Кавсарест.
Ту аз раҳмате ояту банди зулф,
Зи товус бар рўйи оят парест.
Ба тақозои мазмуни саропойии банд бояд «қатраи»
«қатрае» ва «раҳмате» «раҳматӣ» (ту раҳмат ҳастӣ) бошад.
Ҳамчунин, ҳар ду байт ҳам ҷумлаҳои мураккаби пайваст буда, ба аломати вергул эҳтиёҷе надоранд.
Ҳарфгардонии нодуруст дар байти зерин ҳам ҳаст:
Одам аз худ биҳишти нек биҳишт,
Мард бояд ба ҳиммати падарат.
Мисраи якум ҷумлаи тамом аст. Мисраи дуюмро мехонем: «Мард бояд ба ҳиммати падарат»… Яъне чӣ?
«Мард», ки бошад, чаро «падараш» неву «падарат»? Хабари ҷумла куҷост? Шубҳае намемонад, ки «мард» «мурд»,
яъне хабари ҷумла аст ва мазмуни мисраъ ишора ба сарнавишти Одам дорад.
Як нафас ҳаст ҳанўз аз асари ҷон боқӣ,
Ин гуноҳ аз қибали бахт ба даст, аз мо нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё