Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Албатта, аслан «рустоӣ» не, «рустое»-ст. Агар «рустоӣ» мебуд, шоир «вилоят» не, «вилоятӣ» мегуфт, ки тазоди айнии «рустоӣ» мешуд.
Байти зерин ба таври ношинохтанӣ таҳриф шудааст:

Ваъдаи куштане бидеҳ ба Камол,
Ҷони ман ваъдаи киро куштаст?!

Чӣ мантиқе: «Ҷони ман ваъдаи киро куштаст?!»! Чӣ ваъдае буда, ки куштанпазир ва чӣ ҷоне буда, ки ваъдакуш? «Ваъдаи куштане» мегўяд шоир дар мисраи аввал.
Ин ҷо ҳам ифодаи номуайянист, ҳам шумора. Пас ҳамин оҳанг бояд дар мисраи сонӣ ҳам бошад. Яъне, «ваъдаи» – «ваъдае» ва «ҷони ман» мухотаб асту бояд бо вергул ҷудо карда шавад. Дар он сурат ҳама латофату назокате, ки хосси сухани Камол аст, аён мегардад:

Ваъдаи куштане бидеҳ ба Камол,
Ҷони ман, ваъдае киро куштаст?!

Ин хато аз бедиққатии маҳз рух додааст. Вагарна маълум аст, ки «ваъдае» бо «ё» навишта мешавад ва онро «ваъдаи» хондан ҳеҷ мумкин нест. Агар дар дастхате дар шакли «ваъда» омада бошад, пас ғалати котиби беэҳтиёт ва ислоҳи фаврии он вазифаи мураттибону муҳаррири нашри оммавист.
Агар муҳарриру мураттибон мантиқу маъниро ба назар мегирифтанд, ғалати зерин ҳам қобили рух додан набуд:

Чун чашми сўз нест даҳони ту дар хаёл,
Моро ҳамеша чашм бад-он дўхтан беҳ аст.

«Чашми сўз»? Чи маънӣ дорад он ва, умуман, ин мисраъ? Барои дуруст хондани байт (агар аз мантиқу таносубу

пешина
аз 323
навбатӣ