Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Як қисми норасоиҳои китоб аз боиси ба назар ночизе – риоя нашудани вазн сар задааст. Аз ҷумла, дар баъзе мисраъҳои рубоиҳои 227, 298, 326, 332, 373, 460, 503, 539 вазн халалдор гардидааст ва гап дар сари он аст, ки тавассути дуруст кардани вазн метавон мазмуни аслии рубоиҳоро барқарор намуд. Масалан, дар ин рубоӣ:

Аз ҳодисаи замон, з-оянда матарс.
В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс.
Ин як дами нақдро ба ишрат бигзор,
В-аз рафта маяндешу зи оянда матарс.

Дар сари мисраи аввал бояд андеша кард. Дар он набояд «оянда» бошад, зеро, аввалан, вазн хароб мешавад, сониян, дар мисраи чорум низ қофия «оянда» аст. Маълум, ки дар адабиёти классикиамон, баробари мазмуну санъати баланд, вазну қофия талаботи ҳатмию суннатии шеър ба ҳисоб мерафт. Ва шоиру донишманди муқтадире чун Умари Хайём ҳаргиз ба он роҳ дода наметавонист, ки халал ёфтани рукну суннатҳои аввалию азалие чун вазну қофия дар рубоиҳои бузургворонааш боиси озори хотири ёрон ва нуктагирии айбҷўён бишавад. Дар ин асос, ба фикри мо, мисраи аввали рубоии фавқ бояд чунин бошад:

Аз ҳодисаи замони зоянда матарс…

Умари Хайём дар рубоиёташ ба замони пурҳодисоташ бисёр ишораҳо дорад. Яъне, замон ҳар рўз ҳодисае мезод, барои аҳли дил нохушиҳое падид меовард.
Мисраи мазкур дар китобҳои «Умари Хайём. Рубоиёт»
(дар зери таҳрири Е. Бертельс, Москва, 1959), «Умари Хайём. Рубоиёт» (Душанбе, 1963) ва «100 рубоӣ» (Душанбе, «Ирфон», 1984) ба шакли «Аз ҳодисаи замони ронанда матарс» омадааст, ки аз ҷиҳати вазн барҷо бошад ҳам, аз назари қофияи асл ва оҳангнокӣ номақбул менамояд.

пешина
аз 323
навбатӣ